Қимати барқи воридотӣ дар Афғонистон 25 дарсад боло рафт

Ширкати барқи Афғонистон эълон кард, ки ба иллати боло рафтани қурби доллар ва беқурбшавии пули милли Афғонистон арзиши ҳар киловат барқи воридотиро дар кишвар 25 дарсад боло мебарад.

Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати барқи Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфтааст, ки кишвараш нерӯи барқро аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон ва Туркманистон бо доллар мехарад ва дар Афғонистон бо пули афғонӣ мефурӯшад.

Тафовути доллар ва пули афғонӣ муҷиби он шудаст, ки ширкати барқ дар як соли охир аз 17 то 18 миллион доллар зарар бинад. Ҳамчунин зимистони соли гузашта бар асари тахриби хати интиқоли барқ дар Бағлон аз ҷониби шӯришчиён 205 миллион доллар зарар дидааст.

Зимистони гузашта дар натиҷаи хароб шудани хати интиқоли барқ дар Бағлон ҳатто шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон муддати се ҳафта бебарқ монд. Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ гуфт, ки қиммати ҳар киловат барқи воридотӣ ба афғонистон ба 9 сент тамом мешавад.

Солҳои пеш ҳар доллар ба 58 афғонӣ табодул мешуд, вале ҳоло ба бештар за 67 афғонӣ расидааст.

Ин манбаъ мегӯяд Афғонистон ҳамасола аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон ва Туркманистон ба маблағи аз 220 то 270 миллион доллар нерӯи барқ мехарад. Сухангӯи ширкати барқи Афғонистон гуфтааст, ки нархи нав танҳо ба барқе тааллуқ дорад, ки аз хориҷ ворид мешавад ва барқи тавлидшуда дар дохил бо нархи пешин ба аҳолӣ фурӯхта мешавад.

Дар айни замон 70 дарсад барқи мавриди ниёзи Афғонистон аз хориҷ ворид карда мешавад ва нерӯгоҳҳои дохили кишвар имкони таъмини 30 дарсад эҳтиёҷи кишвар ба барқро доранд.

Назарҳо

Қирғизистон ба Афғонистон барқ намефрӯшад. Худаш тобистон аз Тоҷикистон барқ мехарад. Ӯзбакистон аз содиркунандагони барқ ба Афғонистон аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?