КМИР раъйпурсиро баргузоршуда эътироф кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки 22-юми май дар раъйпурсии тағйиру Қонуни асосии кишвар то нисфирӯзӣ 2 миллиону 933 ҳазору 812 муодил ба 66,6%-и раъйдиҳандагон иштирок карда, он баргузоршуда эътироф шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, аз сӯи нозирони дохилӣ ва байналмилалӣ аз тарзу ҷараёни баргузории раъйпурсӣ ягон муроҷиат ва шикоят ворид нашудааст. 

Раъйпурсӣ бо ширкати 7,5 ҳазор нозири дохилӣ ва беш аз 120 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистонбаргузор шудааст. 

Натиҷаи ин маърака дар назар аст имрӯз соати 10:00 мустақиман тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон шавад.

Барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар саросари мамлакат 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3 ҳазору 239 участкаи раъйпурсӣ ташкил шуд. Дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон, дар 29 давлати хориҷӣ 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил гардид. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия-дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Уфа 3 участкаи раъйпурсӣ кушода шуданд.

Тағйироти аслӣ дар тарҳи тағйиру иловаҳо поин кардани синни номзадӣ ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 сол буд.

Зимнан, бештари коршиносон ба ин боваранд, ки ин тағйирот ба хотири Рустами Эмомалӣ, писари Президент Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда аст, ки дар соли 2020, ки интихоботи президентӣ баргузор мешавад, синнаш ба 35 намерасад. Дар сурати қабули ислоҳи нави Конститутсия Пешвои миллат ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба таври бемаҳдуд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод кунад.

Қаблан Суди конститутсионии Тоҷикистон низ пешниҳоди Маҷлиси намояндагон барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонунро ҷонибдорӣ карда. Тибқи тарҳи пешниҳодшуда ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Матни лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар се рӯзи оянда дар нашрияҳои расмии Тоҷикистон нашр хоҳад шуд.

Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон соли соли 1994 қабул шуда, ба он ду маротиба дар солҳои 1999 (баъди истиқрори сулҳ) ва соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид кардаанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?