Қоҳир Расулзода дар Бишкек масъалаи қатъи парвозҳо бо Русияро баррасӣ мекунад

Масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Русия дар доираи баргузории ҷаласаи 15-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои аъзои СҲШ дар Бишкек баррасӣ мешавад.

“Спутник” дар такя ба намояндаи Вазорати нақлиёти Русия хабар додааст, ки “имрӯз 3-юми ноябр ин мавзӯъ (қатъи парвозҳо миёни ФР ва ҶТ) дар ҷаласаи СҲШ дар Бишкек муҳокима мегардад.”

 Қаблан Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошта буд, ки агар назари мақомоти Тоҷикистон нисбат ба фурӯдгоҳи "Жуковский" бетағйир монад, ҷониби Русия аз 8-уми ноябри соли равон, ҳуқуқи боздошти парвозҳоро миёни Тоҷикистону Русия барои пешгирии вайрон накардани ҳуқуқи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия нигоҳ медорад.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки муддати иҷозатномаи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон барои парвоз ба Русия санаи 1 декабр ба анҷом мерасад. Барои ҳалли ин масъалаҳо баргузории музокироти дуҷониба санаи 24-уми ноябр  дар назар аст.

Рӯзи панҷшанбе дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои СҲШ баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ҷаласа нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.

Субҳи имрӯз расонаҳои русӣ хабар доданд, ки эҳтимол меравад аз 8-уми ноябри соли равон Русия ба таври якҷониба парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон лағв кунад.  Ин тасмим ба он далел гирифта шудааст, ки Душанбе хоҳиши онро надоштааст, ки парвози тайёраҳои Русияро ба кишвар аз майдони ҳавоии наздимаскавии Жуковский ҳамоҳанг кунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?