Коҳиши бесобиқаи даромади ширкати Samsung

Даромади  ширкати Самсунг пас аз бозхонди телефонҳои силсилаи "Galaxy Note 7" ба 30 дар сад коҳиш ёфт. 

Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ даромади ширкати Samsung 4,6 милиард долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба 30 дар сад коҳиш ёфтааст. 

Бино ба навиштаи Рейтерс, ин камтарин нишондиҳандаи ширкат дар ду соли ахир мебошад, ки мустақиман ба бозхонд шудани силсилаи телефонҳои Galaxy Note 7 иртибот доштааст. 

Коршиносони ширкат ба гуфтани манбаъ чунин нишондиҳандаро ҳатто пешгӯӣ карда буданд. 

Ёдовар мешавем, ки силсилаи телефонҳо Galaxy Note 7-и ин ширкат бинобар он ки дар вақти истифода аз он худ аз худ таркида, боиси ароҳат бардоштани соҳибонашон шуданд, аз фуруш бозхонд шудааст. 

Samsung изҳорот дод, ки барои ба даст овардани эътимоди мардум ба ширкат талош хоҳад кард. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?