Коҳиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи охир

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи охири соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 дарсад ё худ 56,6 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Дар ин бораи Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ин манбаъ мегӯяд дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон наздик ба  2 миллиарду 218 миллион долларро ташкил дод. 

Содироти мол аз Тоҷикистон  ба маблағи 507,2 миллион доллар буд , ки аз ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсад ё худ 39 миллион доллар кам мебошад. 

Манбаъ ҳамчунин гузориш додааст, ки дар ин ҳафт моҳ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 1,7 миллиард доллар мол ворид шудааст. Ва ин низ дар муқоиса бо моҳҳои январ  июли соли гузашта 8,4 дарсад ё худ 156,2 миллион доллар камтар аст.

Дар ин ҳафтмоҳа Тоҷикистон бо 101 кишвари олам ҳамкории тиҷоратӣ доштааст.

Чун пештара шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон Русия, Чин, Қазоқистон ва Туркия будаанд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?