Коллайдер аз нав ба кор дароварда шуд

Коллайдери адронии бузург, ки бар асари ноҷӯриҳо дар фаъолият аз кор бозмонда буд, баъди таъмир рӯзи якшанбе дубора бо нерӯи дучанд ба фаъолият оғоз кард.

Олимон бар ин назаранд, ки акнун бо кӯмаки коллайдер дар наздиктарин фурсат онҳо метавонанд ба кашфи муаммои  мавҷудияти “материяи сиёҳ” наздик шаванд.

 Олимон дар назар доранд, ки аввал ба истилоҳ ҳиссачаҳои симметриро пайдо кунанд. Агар онҳо дар коллайдер зоҳир шаванд, ин аввалин тасдиқи эмпирикии мавҷудияти “материяи сиёҳ” хоҳад буд, ки ба таври назариявӣ дар доираи як тарҳи пажуҳиши модели Коинот пешгӯӣ карда шудааст. 

Модели стандартии физика 17  зарроти зератомиро тавсиф мекунад, аз ин ҷумла 12-тои он фермионҳо ва 5 адади дигар бозонҳоянд, ки бозони Хиггса соли 2012 кашф шуда буд. 

Профессор Тара Ширс аз донишгоҳи Ливерпул гуфтааст, ки “Дар ҳар ҳиссаи дилхоҳ таҳқиқот, ки дар замонҳои гуногун гузаронида шудааст, мо интизори кашфиёти бузурге будем. Аммо ҳоло интизории мо бештар аз пеш аст, чун баъди кашфи бозони Хиггс дар соли 2012 чизеро пайдо кардем, ки назарияи мо қаблан пешгӯӣ мекард”.

Бо талоши фаҳмонидани баъзе таркиботи муаммобарангези Кайҳон назарияҳои берун аз Модели стандартӣ пешниҳод шудаанд. Вале исботи ин назарияҳо ҳанӯз дастрас нестанд.

Стивен Голдфарб, ки дар гуруҳи илмии  Atlas фаъолият дорад, дар суҳбат бо ВВС аз интизориҳои бузург ҳушдор додааст. Вай дар версияи пешинаи коллайдер, ки соли 1989 оғоз шуда буд, кор мекардааст ва мегӯяд он замон ҳам олимон аз бозёфти бозони Хиггс интизориҳои зиёд доштанд. 

"Бисёре аз чизҳое, ки он замон, яъне 25 сол пеш меҷустанд, мо ҳоло ҳам онро меҷӯем. Вале то кунун мо ба кашфиёте даст наёфтем, ки комёбӣ арзёбӣ шавад. Ин вазифаи мо барои чанд соли оянда хоҳад буд”,- мегӯяд ӯ.

 Ин олим мегӯяд акнун аз ин ба баъд корҳо то ҳадде хислати таҳқиқотӣ ба худ касб хоҳанд кард. “Мо аз шумо хоҳиш мекунем интизориҳои худро захира кунед, зеро ин кори аслии ояндаи мост”.

Маврид ба зикр аст, ки Коллайдери адронии бузург (англ. Large Hadron Collider,мухтасари он LHC)-шитобдиҳандаи зарроти сироятшуда барои парешону пароканда намудани поротонҳо ва ионҳои вазнин аст. 

 Коллайдер дар Шӯрои Аврупоии таҳқиқоти ҳастаӣ, ки дар наздикии Женева, воқеъ дар марзи Швейсария ва Фаронса сохта шудааст. Он як таҷҳизоти калонтарини таҳқиқотӣ дар олам шумурда мешавад. Дар бунёди он бештар аз 10 ҳазор олимон ва муҳандисон аз 100 кишвари олам иштирок кардаву ҳоло дар он кор мекунанд. 

 Соли 2001 буҷаи лоиҳа 4,6 миллиард франки Швейсарӣ (3 миллиард евро) буд ва таҳрикдиҳандаи он бидуни детекторҳо 1,1 миллирад франк арзиш дошт. 

Барои бунёди он соли 1995 2,6 миллиард франк ҷудо шуд ва дар раванди кор боз 210 миллион франки дигар ихтисос доданд.   

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ассалом Кормандони гиромии Тоҷнюс. Ташаккур аз таваҷҷӯҳ ба дастовардҳои замонавии илмии глобалӣ ва бо забони давлатӣ нашр кардани онҳо, ки ҷасорати хосаеро металабад. Дар баробари ин хоҳише дорам, ки ҳамон ҷасоратро дар пешниҳод ва ё мутобиқсозии вожаҳои байналмиллалӣ низ истифода баред. Масалан "Large Hadron Collider"-ро англисӣ буданашро қайд кардаеду "Коллайдери адронии бузург" (фикр мекунам аз варианти русӣ) ҳамчун варианти тоҷикӣ овардаед. Ҳол он ки "ҳадрон" навиштану гуфтан ба тоҷикиву тоҷикидон осон аст. Ё ин ки, "бозони Хиггс" дар забони англисӣ, яъне забони асл, "Higgs boson" аст ва ба тоҷикӣ "бозони Ҳиггс" навиштан ягон мушкилие надорад. Ташаккур!

Шояд шумо суол ё назаре доред?