Комороншоҳи Устопириён ғолиби мустобиқоти гуштигирии Наврӯзӣ

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номии тоҷик дар вилояти Суғд ғолиби мусобиқоти гуштигирии Наврӯз-2015 гардид.

23-юми март даври ниҳоии мусобиқот бо ширкати паҳлавонон аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон баргузор шуд, ки ҷойи авввал ва шоҳҷоизаи мусобиқот – мошини сабукрави тамғаи Hynday насиби паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён шуд.

Калиди шоҳҷоиза ва дигар ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқоти гуштигирӣ аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Комроншоҳи Устопириён, ки соли гузашта ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарони соли 2014 дар кишвар шомил шудааст, соли 1993 таваллуд ёфта, аз кӯдакӣ дар тарбияи падараш ба варзиши намуди гуштин тамрин мекунад.

Соли 2010 ӯ унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст оварда, то имруз 7 карат чемпиони ҷаҳон гаштааст. Танҳо давоми соли 2014 дар беш аз 10 мусобиқаҳо иштирок намуда, дар аксари онҳо ғолиб омадаву ҷоиза ба даст овардааст.

 Аз ҷумла паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 10-12 октябр дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?