Комроншоҳ Устопириён чемпиони Осиё оид ба дзюдо шуд

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба унвони чемпиони Осиё оид ба дзюдо сазовор шуд.

Вай дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки 15-17-уми апрел баргузор шуд, дар вазни то 90 килограмм сабқат карда, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб кард.  

Гуфта мешавад, ғалабаи шогирди Владимир Елчанинов дар таърихи дзюдои тоҷик бори аввал ба даст омадааст.

Дар натиҷаи ин ғалаба Комроншоҳи Устопириён дар арафаи Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз 5 то 21 августи соли равон дар пойтахти Бразилия шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор мегарданд, ба маҷмӯи имтиёзҳои (баллҳои) олимпии худ боз 400 имтиёзи дигар зам намуд.

Дар Чемпионати Осиё дар Тошканд ҳамчунин се нафар варзишгарони мо Шӯҳратҷони Фахризода, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуда, чаҳор гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ба шарофати ғалабаи Устопириён дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёнит тимҳо ба гирифтани ҷои 6-ум дар байни 31дастаи иштирокчӣ мушарраф шуда, аз дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Эрон, Ҳиндустон, Куриё пеш гузашт. Се ҷои аввалро бошад дастаҳои мунтахаби Ҷопун, ки ватани дзюдо маҳсуб мешавад, инчунин дастаҳои  Муғулистон ва Қазоқистон ба даст оварданд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?