Кордкашии хонандагони мактаб дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 4 хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, 27-уми октябри соли равон номбурдагон, дар ин рӯз, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар дохили мактаби миёна, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб карда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?