Кордкашии сокини ҷавони Хатлон ба сари 3 нафар

Як сокини 24-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ собиқ ҳамсар ва ду хешовнади ӯро бо корд захмӣ кардааст.

Бино ба иттилои ВКД, 28-уми июли соли равон, тахминан соати 10:00-дақиқа, бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ бо корди ошхонагӣ ба бадани собиқ ҳамсараш зани 24-сола, хоҳари ҳамсараш зани 27-сола ва марди 27-солаи сокинони ин ноҳия задааст.

Дар натиҷаи гирифтани ҷароҳати вазнини  ҷисмонӣ  марди 27-сола дар ҷоий ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд. 

Дар ВКД мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.     

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?