Кордори Сафорати Туркия дар бораи кудато, хатари гюленчиҳои тоҷик ва саҳнасозии табаддулот (мусоҳиба)

Озҷан Гюлтекин

Аз кудатои номуваффақ дар Туркия шаш рӯз сипарӣ гардид. То ҳол шуру шавқи он паст нашудааст, боздошти муттаҳамон дар ин қазия идома дорад. Дар бораи чигуна сар задани ин кудето, омилони он ва таъсири он ба Тоҷикистон суҳбате доштем бо Озҷан Гюлтекин, кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон.

TojNews: -Ҷаноби Гюлтекин, хабарҳои зидду нақиз ва шарҳу тафсири ҳаводиси Туркия ба ҳадде расида, ки шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистонро ба ду гуруҳ тақсим кардааст. Он шаб чӣ гузашт? Чаро ин ҳодиса тақрибан як ҳафта боз мавзуи асосии суҳбатҳои сиёсист? 

-Шоми ҷумъаи 15-уми июли соли равон дар Анқара, Истамбул ва дигар шаҳрҳои Туркия бо фармони ғайриқонунӣ бетартибиҳо сар заданд. Роҳбарияти Туркия дар кутоҳтарин муддат вазъиятро омӯхта, тадриҷан онро таҳти назорати қатъӣ гирифт.

Он шаб дар натиҷаи омӯзиши вазъият ва баҳогузорӣ маълум шуд, ки дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Туркия гурӯҳе таъсис дода шудааст, ки ба он афсарони баландпояи як қатор қушунҳои артиш аъзо ҳастанд. Сухан аз ақаллияти қувваҳои муссалахи Турқия мерафт. Маҳз аз тарафи ҳамин гурӯҳи ҳарбиён кӯшиши содир кардани табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ин гуруҳи хурд мехостанд ҳукуматро бо роҳӣ зурӣ ба даст бигиранд. Мехоҳам махсусан қайд намоям, ки ин амали характери терористӣ дошт ва аз ҷониби гуруҳи терористӣ амалӣ карда шуд.

Мутаассифона Туркия дар дохили худ ба хоинҳое рӯ ба рӯ шуд, ки алайҳи мардуми турк силоҳ бардошта, бародарони худро аз пушт ба қатл расониданд. Дар таърихи демократии Туркия бори аввал аст, ки бинои Маҷлиси миллӣ зери хатари ҷиддӣ қарор дошт ва вакилон зери фишори терористон қарор гирифтанд. Чархбол ва ҳавопаймоҳое, ки дар дасти ҳарбиён ҳамчун амонат буданд аз ҷониби хоинон алайҳи миллати турк истифода гардид. Аммо халқ ба муқобили табаддулотчиён бархеста, муқовимати шадид кард.  Мардум даст ба даст бесилоҳ муқобили танкҳо истоданд. Ин табаддулоти ноком чанд дарси демократияро ба дунё дод. Мисол: Вақте табаддулотчиён ба бинои телевизионҳои хусусӣ бо роҳи зурӣ даромаданд онҷо пахши мустақим мерафт. Масъулини телевизион ба табаддулотчиён нагуфтанд, ки биёед марҳамат телевизион дар хидмати шумост, балки дар пахши зинда ба онҳо гуфтанд, ки ин амали шумо хато аст. Ин як дарси бузурги демократӣ буд. Инчунин тамоми ҳизбҳои сиёсӣ бо қабул кардани Эъломияи Муштарак бо як овоз ин табаддулотро маҳкум карданд. Ин кӯшиши табаддулот аз ҷониби гуруҳии терористии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен  анҷом шуданаш дар миён аст. Тафтишот ва ҷустуҷӯ дар ин самт идома дорад.

TojNews: -Чӣ далелҳое аст, ки даст доштани Гюлен дар ин табаддулотро исбот мекунад?

-Таҳқиқи ин қазия идома дорад. Ҳукумати мо ба ҳама моҳияти ин созмони терористиро фаҳмонд ва ин созмон характери терористӣ дорад. “ФЕТО/СПД” (ташкилоти террористии Фатҳуллоҳ Гюлен/сохтори параллелии давлатӣ) созмони терористӣ аст, ки хатараш ба тамоми иттифоқчиҳои Туркия ва ҷаҳон баён карда шудааст. Роҳбари ин созмони терористиро Фатҳуллоҳ Гюлен ба уҳда дорад. “ФЕТО/СПД” созмони терористиест, ки ҳамеша дар пайи амалиёти ворид кардани ҷосусонаш ба сохторҳои гуногуни давлатӣ дар кишварҳои зиёд аст. Ин созмон вақте эҳсос кард ки аллакай қувваи кофиро барои тағйир додани чизеро дорад ба ин табаддулоти хунин даст зад. Ин ҳодисаи хунини охир чеҳраи ин созмони терористиро пурра ба намоиш гузошт. Ман дақиқ маълумот надорам, ки чӣ далелҳо дар миён мавҷуд аст. Ҳукумати Туркия ҳамаи нафарони дар ин табаддулот даст доштаро муайян ва ба сазои амалашон хоҳанд расонд.

TojNews: - Яъне шумо мушаххасан ин далелҳоро баён карда наметавонед?

-Тафтиши ин кор ва далелҳо кори ман нест, ин кори мақомотҳои судии мустақили Туркия мебошад. Ҳукумати Туркия дар пайи ошкор кардани тамоми паҳлуҳои ин табаддулот буда, чеҳраи ҳақиқии Гюленро ба ҷаҳониён ва иттифоқчиёни худ нишон хоҳад дод. Ин ташаккули терористӣ кӯшиш кардааст ки дар тамоми сохторҳои Туркия гумоштагони худро гузорад ва бо пайдо кардани қувваи зарурӣ чунин табаддулотҳои хунинро анҷом диҳанд. Яъне манзури онҳо аз худ кардани давлат бо роҳи зӯрӣ аст.

TojNews:  -Агар ИМА Фатҳуллоҳ Гюленро ба Туркия бисупорад бо ӯ чи хоҳад шуд?

- Раванди талаб ва қабули Фатҳуллоҳ Гюлен идома дорад. Агар ИМА Фатҳуллоҳ Гюленро ба Туркия таслим кунад қазия аз ҷониби судҳои мустақили Туркия ҳаллу фасл мешавад. Нисбати Фатҳуллоҳ Гюлен айб эълон хоҳад шуд ва дар доираи меъёрҳои конситутсионии давлати Туркия ӯ ҷазо мегирад. Яъне ӯ тибқи қонунгузории Туркия ба сазои аъмолаш мерасад. 

TojNews:  - Ба назари Шумо оё ИМА Гюленро ба Туркия месупорад ё хайр?

-Ба фикрам, ки барои ҳалли ин масъала муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда бояд ба назар гирифта шаванд.

TojNews:  - То имрӯз зиёда аз 8 ҳазор нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ин табаддулот боздошт шуданд. Бо онҳо чӣ мешавад?

-Сухан аз теъдоди умумии боздоштшудаҳо, аз кор ихроҷшудаҳо ва гумонбарон меравад. Қазияи ҳар яки онҳо ҳам тариқи низоми судии кишвар ҳал хоҳад шуд. Агар даст доштани дар ягон ҷиноят собит шавад нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд. Судҳои мустақил гунаҳкор ё бегуноҳ будани онҳоро собит мекунанд ва онҳое, ки даст надоштанд аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Туркия шомили узви Муассисони Шӯрои Аврупо аст. Туркия ба волоияти қонун такя мекунад ва ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил аст. Алайҳи кадом нафаре, ки ба ин табаддулот алоқа дошта бошад парванда боз шуда, судҳои мустақил муайян мекунанд ки ин нафарон гунаҳкор ҳастанд ё не? Ҳар нафаре ки ба ин табаддулот даст надошта бошад ва ба гуруҳи террористи алоқа надорад, озод хоҳад шуд.

TojNews:  - Ба назари Шумо хатмкардагони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ҳамчун тарбиятдидагони мактаби Гюлен барои амнияти Тоҷикистон хатар доранд?

-Дар ин бора мақомоти Тоҷикистон корҳои заруриро анҷом дода истодаанд. Мо қаблан таҷрибаи худ дар бораи ин литсейҳоро ба кишварҳои дӯст ирсол кардем. Тибқи маълумоте, ки ман дорам ҳоло ин литсейҳо дигар дар Тоҷикистон бо шакли қаблӣ фаъолият надоранд. Ин литсейҳо алакай аз ҷониби Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мешаванд.  

TojNews:  -Дар Тоҷикистон боз кадом ташкилотҳои вобаста ба Фатҳулло Гюлен амал мекунанд ва онҳо аз худ чӣ вокунише нишон доданд?

-Нисбати ин созмонҳо, бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкории лозимӣ амалӣ шуда истодааст. Таъмин намудани маълумоти заруриро ба мақомотҳои Тоҷикистон идома хоҳем кард. Ин созмон дар кишвари мо чӣ корҳоро анҷом дод ва чӣ нақшаҳо дорад мо ҳамаи ин маълумотҳоро ба мақомоти тоҷик интиқол карда истодаем.   

TojNews:  - Сарусадоҳое низ баланд шуданд, ки табаддулоти Туркияро ИМА, Арабистони саудӣ ва кишварҳои дигар сармоягузорӣ кардаанд. Оё дар ин бора ягон далели расмӣ ҳаст?

-Дар ин бора, ба диққат гирифтани изҳороти мақомоти дахлдори расмӣ ба маврид хоҳад шуд.

TojNews:  - Назарҳое ҳам ҳаст, ки ин табаддулот кори сохтаи мақомоти Туркия ва ё Президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст. Ба ин чӣ мегӯед?

-Дар ин ҳодиса зиёда аз 250 одам ба  ҳалокат расида, 1500 нафар ҷароҳат бардоштанд.   Ин талафоти бузурги Туркия аст. Аз рӯи виҷдон намебуд ин табаддулотро ба давлати Туркия рабт додан.  Дар бораи танкҳое баҳс мекунем, ки инсонҳоро пахш карда гузаштанд. Дар бораи Маҷлисе, ки аз тарафи тайёраҳо ва чархболҳои низомӣ бомбаборон шудан, суҳбат мекунем.  Иддиои сохта будани ин табаддулот бисёр ғалатӣ аст.

TojNews:  - Сипос барои суҳбат, ҷаноби Кордори сафорат!

Назарҳо

ин чи хели кордор аст, ки саволаш мепурсанд, чизеро намедонад, факат мегуяд, ки ин корро инуон кардааст. далел надошта бошӣ, чӣ гап мезанӣ?!
эрдоган бо дииш кор мекунадашро напурсиди? бизнеси нафтро напурсиди? агар ин кадар аскарони гулен дар хукумат кор карда истода бошад табодулои чи даркор буд? хатмкунандахои литсе ватандустдор хастанд, точик турк барин нест, кадри ватанро медонад, точикхоро муттахам накун, ту аз кучо медони кормандони амнияти мо чи кор карда истодаанд? одам дори дар амният? пас дахолат ба корхои дохилии кишвари мо дори? журналист камтар таёри дида ва саривакти савол дихед охир, як кушиши дигар куну мусохиба бикун РАХМАТИ КАПА КАЛОН
ИНО РАНГИ УСТОДАШОН АРДУҒОН КАСЕРА ХОҲАН ГУНАҲГОР МЕКУАН. АГАР ИСБОТ КУН ГУӢ, МЕГУЯНД ПАРВАНДА ИДОМА ДОРАД. МАҚСАДАШОН БАДНОМ КАРДАН АСТУ БАС!
сафири пешиншон корро сар накарда рафт, командаи эрдоган худаш пусида асту бори дигарон мекунад, табадуллотро ёвари ардагуон хам ташкил кардааст, ёварашро хам гулен тайин кардааст
Ee Janobi safir Hamun Putin hama chira ispot kadagiay qati video chixel yordam kaden ba DOISH.
илтимос хамин маколара гирен кай вакте,ки воз мекунам сайтро хаминро дида дилам танг мешавад охир як хабар ду се руз меистад ин бошад як сол шуд удалит кунед уже алергия пайдо шуд

Шояд шумо суол ё назаре доред?