Кормандони КДАМ ҳақ пайдо мекунанд, бидуни иҷоза вориди манзилҳо шаванд

Парлумони Тоҷикистон ба баррасии тағйироте оғоз кардааст, ки дар сурати тасвиб шуданаш ба кормандони КДАМ иҷоза медиҳад, бидуни иҷозаи соҳибхона ва қарори суд вориди манзили сокинон шаванд.

Як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон ба “Азия-плюс” гуфтааст, дар сурати тасвиби тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” кормандони КДАМ ҳуқуқ пайдо мекунанд, бидуни иҷозаи соҳибхона ва қарори суд ба манзили сокинон ворид шаванд.

Аммо манбаъ мегӯяд, ин ҳақ танҳо дар ҳолатҳое ба кормандони Хадамоти махсус дода мешавад, ки агар “пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ ва ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он вуҷуд дошта бошад.”

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?