Коршиносон аз Туркманистон таҷрибаи Тоҷикистон дар бахши туризмро меомӯзанд

Як гурӯҳи коршиносон аз ширкатҳои сайёҳии Туркманистон барои омӯзиши таҷрибаи сайҳӣ ба Душанбе омадаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ин гурӯҳ аз Ишқобод омадаанд, то бозори сайёҳӣ дар кишвари моро омӯзанд.

29-уми май дар шаҳри Душанбе як мизи мудаввар бо унвони “Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи рушди туризми меҳмонхонавӣ” ҳам доир шудааст ва дар он ҳамкориҳои ду кишвар дар рушди сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳову хизматрасониҳо ба сайёҳон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. 

Ҳайати меҳмонони туркман қарор аст то 31-уми май дар Тоҷикистон бимонанд ва тӯли ин муддат тибқи барномаи аз қабл тарҳрезишуда аз минтақаҳои сайёҳии кишвар ва макону манзараҳое, ки ба рушди сайёҳӣ мувофиқанд, дидан кунанд.  

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Дуруд ба ахли кормандони сомона! Ин чи хел сомона аст ки дар як соат 1 то хабар аст тамом. Сомонаи намешудаги будаст ку.

Шояд шумо суол ё назаре доред?