Куҳансолтарин бонуи сайёра дар Ҷопон аз олам даргузашт

Мисао Окаваи 117-сола, ки дарозумртарин инсони сайёра маҳсуб меёбад, дар шаҳри Осака вафот кард.

Ӯ дар хонаи пиронсолон ба сар мебурд. Ду духтару як писар доштааст. Баъд аз марги Окава Ҳертруд Уивер, сокини 116-солаи ИМА дарозумртарини сайёра мебошад.

Аз ҳама дарозумртарини сайёра Жанна-Луиза Калман, зани франсавӣ буд, ки 122 сол умр дида, дар соли 1997 аз олам даргузаштааст. Гуфта мешавад, ки дар дунё дарозумрҳо кам нестанд, аммо барои исбот санад надоранд.

Соли 2009 дар Қарағандаи Қазоқистон зимни баҳисобгирии аҳолӣ тасодуфан сокини 130 солаеро бо номи Сахан Досовой ба қайд гирифта буданд. Раҳбарияти Қарағанда ба ӯ хона туҳфа кард, ки дар рӯзи аввали ба хонаи нав рафтан, афтида мурд.

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?