Кӯмаки 5,3 млн долларии Ҷопон барои ҳифзи саломатии кӯдакон

Ҳукумати Ҷопон барои пешгирии бемориҳо дар миёни кӯдакони Тоҷикистон 5,3 миллион доллар ҷудо кардааст.

Тибқи Созишномаи нав, ки 9-уми март дар Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба имзо расид, кӯдакони то 6-солаи кишвар ба ин барнома шомил ҳастанд.

Ҳадаф аз ин барнома хубтар кардани дастрасӣ ба маводи доруворӣ, коҳиши фавт ва бемории тифлони навзод ва кўдакон дар Тоҷикистон мебошад. Дар доираи ин санад барои кӯдакони то синни 6-сола ваксинаҳои ҳаётан зарур ва дорувориҳо дастрас хоҳанд шуд.

Дар Сафорати Ҷопон мегӯянд, барномаи мазкурро Дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон амалӣ хоҳад кард.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?