Кӯмаки башардӯстонаи Корея барои зарардидадгони зилзила дар Бадахшон

Ҷумҳурии Корея ва ташкилоти байналмиллалии “Международное Добрососедство” ба зарардидагони заминларза дар Тоҷикистон 105 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона ирсол кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сафорати Корея дар Тоҷикистон,  кӯмаки башардӯстона аз 6 тонна шири хушк, 120 дона гармкунанкҳои электрикӣ, термосҳо, чойҷӯшонҳои электрикӣ, дегҳо, ҳамчунин барои якчанд гурӯҳи  одамони дегҳову ҷойҷӯшонҳои калон иборат буд.

Ғайр аз ин барои аҳолии зарардида таҳпӯшҳои гарми зимистона, болопӯшҳову куртаҳои зимистона, либосҳои варзишӣ, кӯлоҳҳо, пойафзол ва ҷӯробҳо расонда шудааст.

Ин кӯмак дар пайи зилзилаи 7-уми декабр ирсол мешавад. Дар ин зилзилаи 7 балӣ, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон хароб шуданд, ки теъдоде аз сокинон бидуни манзил мондаанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?