Кумаки молии Иззат Амон ба Дилбар Гургова-ҳамсари ронандаи наздик ба Ҳоҷӣ Ҳалим

Дилбар Гургова, ки ҳамсараш бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби Назарзода боздошт шуд

Фонди “Кумак”-и Иззат Амон ба Дилбар Гургова, ки аз бенавоӣ мехост 5 фарзандашро ба ятимхона супорад, ҳар моҳ 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ таъсис дод.

Дилбар Гургова ҳамсари як ронандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода боздошт шудааст.

Қаблан Гургова ба расонаҳо муроҷиат карда, гуфта буд, ки баъд аз боздошти шавҳараш, вазъи молияш ниҳоят бад шуда, ҳатто ятимхонаҳо аз фарзандонаш рӯ гардондаанд.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мақомот дар ҳамин ҳол, бо баҳонаи аз таҳсил дур мондани фарзандонаш нисбати Дилбар Гургова парванда оғоз кардаанд.

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия пештар ваъда дода буд, ки сарпарастии ин оиларо ба уҳда хоҳад гирифт.

Иззат Амон дар Фейсбук навишта буд: “Навори гиряи зани тоҷикро, ки гила аз бенавоӣ мекарду аз мақомот ба хотири боз кардани парванда алайҳи ӯ шикоят мекард, дида ҷигарам пора-пора гашт. 
Нисбати мақомот чизе гуфтанӣ нестам, зеро ҳарфро барои инсон бояд бигӯӣ. Кормандони мақомоти Тоҷикистон робот гаштаанду ҷуз фармони началникашон ҳарфи дигареро намешунаванд...” 
Ҷаноби Амон аз журналистон дархост карда буд, то барои тамос гирифтан бо ин зан ҷиҳати  кумак ба ин оила мусоидат кунанд.  
“Бо тамоми масъулият эълом менамоям, ки шуруъ аз ҳамин лаҳза ин зан барои ман хоҳар ва фарзандонаш фарзандони ман ҳисоб меёбанду тамоми харҷи ин зану ду фарзандаш марбут ба ман мебошад...”, -ваъда дода буд Иззат Амон. 

Баъдтар Иззат Амон навишт, ки бо Гургова телефонӣ тамос гирифтааст. Аз суҳбаташ бо Гургова Иззат Амон навишт: “Имруз бо лутфи Худо ва кумаки дӯстон бо хоҳарам Дилбар Гургова, модари 5 фарзанд (акнун фарзандони ман) тамос гирифтам... 
Дилбар мегуфт, интернат ҳам фарзандони ӯро қабул накардаанд. Баъди ин нӯшдоруе омода намуда, қасди куштани худашро кардааст, то азоби гуруснагии фарзандонашро набинад. 
Ростӣ ҳайронам, ин ҳама кумитаи занону маҳаллаву дигару дигар ки масъулияти назорату ғамхорӣ ва парастории модарону фарзандонро ба уҳда доранд ба чи кор машғул бошанд?” Бино ба иттилои Гургова, шавҳараш Амрулло Нуров, қаблан ба ҳайси ронанда кор карда, барои қисмҳои низомии вазорати дифоъ маҳсулоти ғизоӣ мекашонд. Ӯ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 барои бурда расондани одамони Ҳоҷи Ҳалим аз сӯи аъзои гурӯҳи ин генерал даъват мешавад.

"Вақте шавҳарам фаҳмидааст, ки ин ҷанг зидди давлат аст, даст кашида, ба хона омад. Гуфт, вазъият бад аст. Қумандонашон Садриддин Неъматов гуфтанӣ одам, 6-уми сентябр занг зад, ки таслим шаванд. Шавҳари ман ҳам рафта таслим шуд. Гуфт, ки агар медонист ин амалиёт зидди давлат аст, аслан намерафтам." 

Фонди "Кумак" аз ҷониби Созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия барои кумак ба муҳоҷирони кории тоҷик таъсис шудааст. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Дар пешат сари таъзим фуруд меора, Иззат Амон. Ана мардиву, ана имондори! Дил реш мезана(( Наход дар дили ин кудратихои мо заррае инсоф намонда бошад. Илтимос ягон суратхисоб кушоед барои ин ЗАН, аз ин маоши ночизи худ 10%-ро хар мох медихам ба у
Иззат Амон ахсан ба ту имони кави доштай...иншоаллох Худованд барои ту ачри бузург ато мекунад...Лекин ман метарсам ки кумаки ин марди Худоро хукумат манъ мекунад....
Ракамхои телефони хамин занро нависед ердам кунем, манам тамошо кардам сухбати ин занро, бовар кунед хело дар азобаст...
Ин тухмат аст, кудратихо робот нестанд, зеро робот факат фармонро ичро мекунад. Кудратихо бошанд аз худашон боз чамъ мекунанд, яъне ба чои салла калларо меоранд.
Ofarin Izzat Amon! Hudo ba jejbat barakat dihad!
Хазор рахмат Иззат Амон бародар кори хуб кадай вакте шавхари ин зан гунахгор бошад кудакони ноболиг чи гунох доранд ?

Шояд шумо суол ё назаре доред?