Кӯмаки Туркия барои 500 хонаводаи зарардидаи заминларзаи Бадахшон

Туркия аввалин кӯмаки башардӯстонаи худро ба зарардидагони заминларзаи Бадахшони Тоҷикистон ирсол кард. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сафорати Туркия дар Тоҷикитсон, ҳаҷми ин кӯмаки башарӣ 80 тонн аст ва он аз маводи хӯрока, доруворӣ, бистарҳои гарму нарм барои 500 хонавода иборат мебошад.

Заминларза дар қаламрави Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 7-уми декабри соли равон рух дода буд.

Бино ба омори расмӣ бар асари ин заминларза 1 ҳазору 327 хона ё вайрон шудааст ё тахриб ёфтааст, 7 ҳазору 962 нафар маҷбур шудаанд хонаҳои худро раҳо кунанд ва ба ҷойи амнтар паноҳ баранд. 

Дар ин офати табиӣ ҳамчунин бисёре аз биноҳои маъмурӣ, роҳҳо, мактабҳо ва неругоҳҳои барқӣ зарар дидаанд. 

То ин замон аз расидани кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА, Озарбойҷон, Иттиҳодияи Аврупо, Федератсияи Русия, Покистон ва чанд кишвари дигар олам хабар дода шуда буд. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Салом ба мардуми точикистон,авалло гуфтани хастам,ки ташакур ба давлати туркия.Дуюм гуфтани хастум дар куххои бадахшон сангхои киматбахо намонд хамашро кашонда бурд огохони чорум барои чи ердам намекунад.мардуми бадахшон он касро хурмату эхтиром мекунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?