Курсанти тоҷик аз Чин бо медали тилло баргашт

Курсанти курси 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг дар Чин соҳиби медали тилло ва Ҷоми “Super star fight” гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД,  Акбар Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни 65 кг миёни варзишгарони касбӣ баромад намуда, дар даври ниҳоӣ пас аз шикаст додани рақибаш аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо се зарбаи аз по афтондан мақоми аввалро ишғол намудааст.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 10 кишвари дунё ширкат доштанд.

Акбар Ҷабборови 22-сола дар намуди варзиши кикбоксинг беш аз 10 сол аст, ки дар Маҷмааи варзишии Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД таҳти таълими устодонаш Сафар Маллаев ва Сиёвуш Шарипов пайваста дар тамрин буда, айни замон курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?