Кӯшиши интиқоли ду духтари тоҷик ба Дубай барои истисмор

Як зани 34-сола аз ноҳияи Зафаробод бо иттиҳоми истисмори одамон ва фиристондани онҳо ба шаҳри Дубай дастгир шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  “гумонбаршуда ду нафар занон: яке 19-сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва дигарӣ зани 21-солаи шаҳри Истаравшанро барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб  даъват намудааст.”

Манбаъ илова мекунад, ки 1-уми ноябри соли равон, занони зикргардида ҳангоми сафар аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд бозпас гардонида шуданд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?