Куштори падарандар бо 6 зарби корд

Як ҷавони 28-сола дар ноҳияи Шаҳритӯс бо гумони қатли падарандараш боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД дар шарҳи хабар мегӯяд,  ин ҷавон дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падарандари 53-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба узвҳои бадани охирон задааст.

“Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?