Куштори сержанти 40-солаи пойгоҳи 201 дар Қурғонтеппа

Алексей Буенков (Акс аз Азия-плюс)

Алексей Буенков, як сарбози пойгоҳи 201 дар шаҳри Қурғонтеппа дар пайи занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ ба ҳалокат расидааст.

Як манбаъ аз ВКД бо тасдиқи ин хабар ба TojNews гуфт, ин сержанти 40-сола дар тарабхонае дар шаҳри Қурғотеппа бо чанд ҷавони маҳаллӣ муноқиша мекунад ва  дар натиҷа сарбози рус ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ гуфт, феълан дар пайи ин ҳодиса чанд гумонбар дастгир шуда, Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ва Прокуратураи ин шаҳр ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ҳодисаи куштори сарбози рус шаби 30 ба 31-уми июл рух додааст.

Ба навиштаи Радиои Аврупои Озод, аз қавли Ярослав Рошупкин, роҳбари хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия гуфтааст, “ин як ҳодисаи маишӣ аст.”  Ӯ гуфт, ин ҳодиса "як моҷароест, ки паёмадҳои сангин дар пай доштааст".

Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодиса шаби шанбе ба якшанбеи гузашта дар тарабхонаи “Карина”-и шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст. "Он шом миёни сарбози рус ва ҷавонҳои тоҷик муноқишае бархост ва дар натиҷа сарбози рус кушта шуд. Нахуст миёни як ҷавон бо номи Аҳлиддин ва сарбози рус муноқишае бархост. Аҳлиддин берун рафт ва баъди муддате корд дар даст баргашт ва ба сарбози рус ҳамла кард. Сабаби ин моҷаро барои онҳо ҳам маълум нест.”

 

 

Назарҳо

Ин як хожисае аст, ки сабабш худи русхои миллатгаро ва миллатчи онро дар пай овараданд ва худ сабаби чунин корхои бад шудаанд. Дар инчо факат худашонро бояд гунахгор бинанду бас ва ба миллати мазлуми точик зарар нарасонанд ва дар федератсия россия ба мин миллат даст дарози накунанд!

Шояд шумо суол ё назаре доред?