Либоси ягонаи тими олимпии Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд

Шанбеи оянда 23-юми июл Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон либоси ягонаи тими миллии кишварро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ муаррифӣ хоҳад кард. 

Маросими расмии муаррифии либоси ягонаи тими олимпии Тоҷикистон дар назар аст дар бинои Дастгоҳи марказии кумитаи мазкур баргузор шавад. 

Ёдрас мекунем, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпӣ "Рио-де-Женейро-2016", 7 нафар: Дилшод Назаров (гурзандоз), Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо), Анвар Юнусов (муштзан), Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов (шиноварон) ва дар мусобиқоти давидан ба масофаҳои гуногун Кристина Пронженко ширкат хоҳанд кард. 

Парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар даст хоҳад дошт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?