Линдси Лоҳан дар андешаи пазириши Ислом шудааст

Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Линдси Лоҳан

Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Линдси Лоҳан гуфтааст, ки Ислом меомӯзад ва дар фикри он аст, ки динашро дигар кунад.

Вай дар суҳбаташ бо нашрияи  The Sun иброз доштааст, ки дар ИМА Қуръонро на тавре тасаввур мекунанд, ки ҳаст. Қуръон тамоман чизест, ки аз тасаввури амрикоиён берун аст.  

“Ман як инсони ба руҳоният наздикам ва дар ҳақиқат барои дарки ҳар мафҳум омодаам. Аммо ман ҳоло Қуръонро пурра нахондаам ва ин вақти зиёд мехоҳад”,-гуфтааст ҳунармани 29-солаи амрикоӣ.

Лоҳан ҳамчунин гуфтааст, ки хоҳараш Эли низ мисли ӯ ба ислом руҷуъ кардааст, то биёмӯзад. Ҳарчанд вай то кунун аллакай аз масеҳият ба дини буддоӣ гаравидааст. Аммо ҳоло ба Ислом рӯ овардааст.  “Ҳамаи мо ба чизе бовар дорем ва инҳо ҳама талошҳое мебошанд, ки бо Худо иртиботи мустақим гирем ва ё бо василаи руҳонии он”,- мегӯяд Лоҳан. 

Соли 2015 матибуоти Амрико аксҳоеро интишор дод, ки Лоҳан дар даст Қуръон дошт. Аммо ҳарчанд ин расмҳо боиси баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, Лоҳан аз шарҳи он худдорӣ кард. 

Лидси Лоҳан аз синни 11-солагӣ дар филмҳо нақш меофарад. Зарфи чанд соли охир яке аз ҳунармандони пурмоҷарои олами синамои Ҳоливуд буд.

Борҳо аз вобастагӣ ба машрубот ва маводи мухаддир табобат гирифтааст ва борҳо ҳатто барои нақзи қоидаҳои ҳаркат дар роҳҳо ва ҳатто дуздӣ ба додгоҳ кашида шудааст.  
 

 

Назарҳо

шояд охиста охиста тамоми мардуми олам ба ин китоби мукаддаст Куръони карим руй оваранд. Ин китоб як рохнамои тамоми мардуми руи олам ба рохи рост аст. Ишк аст мухаббат аст ростиву покй аст!
Hamai kitobhoi mukaddas az hubivu neki, pokivu rosti meguyand.

Шояд шумо суол ё назаре доред?