Маҳдудияти сафари сайёҳон ба Бадахшон бардошта шуд

Маҳдудияти сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон аз сӯи мақомоти кишвар лағв шуд.

Асадшо Зооршоев, раҳбари Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Бадахшон ба TojNews гуфт, ки аз 18-уми май маҳдудияти додани иҷозатнома ба сайёҳони хориҷӣ барои сафар ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бардошта шуд.

Ӯ гуфт, ки дар минтақа ягон хатари амниятӣ вуҷуд надорад, минтақа орому босуббот буда, сайёҳон метавонанд, бидуни дудилагӣ ба минтақа оянд.

15-уми май раоснаҳо аз манъи додани иҷозатнома ба сайёҳони хориҷӣ барои сафар ба Бадахшон хабар дода буданд. Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки манъи сафари сайёҳон дар пайи тадобири амниятӣ гирифта шудааст. Ӯ ҳатто гуфт, ки маҳдудияти сафари хориҷиён ба минтақа замоне бардошта мешавад, мақомоти амниятӣ бигӯянд, ки вазъ дар Бадахшони Афғонистон ором аст.

Аммо Асадшо Зооршоев мегӯяд, ки маҳдудияти сафари сайёҳон ба Бадахшон як амали сунъии Хадамоти бақайдгириву иҷозатномадиҳии ВКД, ё худ ОВИР мебошад. Онҳое аз ҳеч ниҳоде дар ин бора мактуби расмӣ надоштанд, чунин монеъасозӣ солҳои қаблӣ низ аз ҷониби онҳо сурат гирифта буд.

Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Бадахшон охири ҳафтаи гузашта бо нашри як мактуб аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ниҳодҳои кишвар хоста буд, “монеаи сунъӣ”-ро бартараф кунанд. Дар зери ин изҳорот чандин ширкатҳои сайёҳӣ имзо гузошта гуфта буданд, ки ҳар тобистон даҳҳо саёҳи хориҷӣ ба Бадахшон роҳ дода намешаванд, дар ҳоле дигар сайёҳон ба воситаи Қирғизистону Афғонистон ба минтақа медароянд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?