Маҳфили гиромидошти 60-солагии шоир Махсум Олимӣ дар Душанбе

Ба поси гиромидошти  60-умин солрӯзи шоири тоҷик Махсум Олимӣ 5-октябри соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Дурахши меҳр» баргузор гардид. 

Дар маҳфил шоирону адибон, рўзноманигорон ва дӯстону пайвандони марҳум аз манотиќи гуногуни Тоҷикистон ҷамъ омада, бо зикри хотираву лаҳзаҳо ёде аз ин шоири ширинкалом намуданд.

Журналист ва ровии шинохта Абдуқодири Абдуқаҳҳор маҳфилро гардон мекард.

Чеҳраҳои шинохта- Юнус Юсуфӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи Халқии Тоҷикистон, Абдуғаффори Абдуҷаббор, рањбари Дастгоҳи иҷроияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Қурбон Восеъ, олим ва ходими давлатӣ, Абдушукур Хокироев, мудири бахши фарњанги ноњияи Айнї ва дигарон бо нақли қиссаву хотира аз шахсияту эҷодёти шоир Махсум Олимӣ суханронї карданд.

Фарзанди марҳум, Шаҳриёр Олимӣ бо қироати шеъри «Падар», ки саропо таљассумгари чењраи падар аз шунидањои дўстон ва рўзноманигорон буд ва лабрези дард эҷод шуда буд, ба ҳозирин эҳсосу ҳаяҷони дигар бахшид.

Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва шогирдонаш бо суруду таронаҳои ноби хеш, ки асосан бар матни ашъори Махсум Олимӣ эҷод шуда буданд, ба ҳусни ин маҳфил ҳусни тоза зам намуданд.

         Ёдрас бояд кард, ки суруди, «Ташнаи оби Зарафшонам ҳанӯз», ки яке аз сурудҳои машҳур дар эҷодиёти Хосияти Зарафшонӣ аст, ба қалами шоир Махсум Олимӣ тааллуқ дорад. Ин суруд миёни мардум ва ҳаводорони ҳунмарманд Хосияти Зарафшонӣ маҳбубияти хос дорад.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?