Макнуна Ниёзова: Агар ман ҳам пероҳани аврупоӣ ба бар кунам...

Маҷаллаи маъруфи итолиёии "Donna" дар охирҳои моҳи март матлабе дар бораи Макнуна Ниёзова, тарроҳи тоҷик чоп карда, ӯро “Ким Кардашяни тоҷик” номидааст. Хабарнигори TojNews дар як суҳбат аз Макнуна пурсид, ки роҳ ёфтани аксаш ба саҳифаи маҷаллаи маъруфи "Donna"  барои ӯ чӣ эҳсосотеро дар пай дошт ва оё чунин интизориеро дошт?

Макнуна НИЁЗОВА:  Ростӣ, чунин интизорӣ надоштам, барои ман ин “сюрприз” ва ё армуғони Наврӯзӣ буд. Чунки ҳатто тасаввур намекардам, ки дар маҷаллаи маъруфи бонувони Италия акси ман чоп мешавад. Таваҷҷӯҳи муаллифи матлаби мазкур ба ман тавассути Фейсбук ва сомонаи Global Voices сурат гирифт. Чун дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук либосҳои миллиро муаррифӣ мекунам. Ба ин роҳ каме ҳам бошад талош мекунам, ҳаваси ҷавондухтарони тоҷикро ба либоси миллӣ зиёдтар кунам. Чун зиёд мушоҳида мекунам, ки тариқи телевизион ва филмҳои хориҷӣ духтарони мо майл ба фарҳанги либоспӯшии бегона доранд.

Баъд аз онки сомонаи Global Voices номи маро дар қатори 6 зани фаъолияи Фейсбук ҷой дод, масъулини маҷаллаи "Donna" тариқи Донишгоҳи технологӣ, ки ман онҷо муаллима ҳастам маро пайдо намуданд ва ман ба суолҳои онҳо посух додам. Онҳо инчунин аз ман иҷозаи нашри аксҳоямро пурсиданд.

TojNews: Маҷаллаи Донна шуморо ҳамчун Ким Кардашяни тоҷик муаррифӣ кардааст...

Макнуна НИЁЗОВА: Қабл аз нашри мавод дар бораи Ким Кардашян маълумот надоштам, ҳатто номашро нашнида будам. Чун барои ман кори ин нафар аҷиб набуд. Зеро дар фаъолияти ин нафар ҳолатҳое низ ҳаст, ки ба менталитети мардуми Аврупо мувофиқ аст, аммо дар менталитети мардуми мо қабул нест. Дар тафаккури мо чунин аст, ки зан бояд бомаърифат, ботамкин ва ибратомез бошад. Аз ин нигоҳ маро ба Ким Кардашян муқоиса карданд, каме нодуруст аст. Аз муқоиса кардани ман бо ин тарроҳи маъруфи амрикоӣ бештар ҳамчун зани тоҷик муаррифӣ шуданам барои ман писанд омад.

TojNews: Чаро? Кардашян тарроҳи машҳур аст, оё шумо орзуи тарроҳи маъруф шудан надоред?

Макнуна НИЁЗОВА: Ман муаллима ҳастам ва ба дизайнерони оянда таълим медиҳам. Мақсади ман машҳур шудан нест. Балки тайёр кардани тарроҳон аст. Ман намехоҳам мисли Кардашян машҳур бошам, ба ман кифоя аст ки ҳамватанони худ маро мешиносанд. Ман мисли Кардешян нестам, идеали ман дар тарроҳӣ Коко Шанел аз Фаронса аст.

TojNews: Нашри аксатон дар маҷаллаи маъруфи итолиёвӣ барои роҳ ёфтан ба дунёи муди Аврупо метавонад кӯмак кунад?

Макнуна НИЁЗОВА: Шояд кумак карда тавонад. Мумкин ба ягон ширкат симои тоҷикона ё истеъдоди ман писанд ояду маро ба ҳамкорӣ даъват кунанд. Агар ман таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб карда тавонам ин ба ман бурдбории бузург мебошад. Аммо барои ман ҳамчун як тарроҳ зиёдтар ғалаба кардан дар ягон озмун хурсандиовартар аст. Чун рақобатро дӯст медорам. Дар ҳар сурат дақиқан пешгӯӣ карда наметавонам, ки нашри аксҳоям дар маҷаллаи “Донна” роҳи маро ба дунёи муди Аврупо ҳамвор мекунад.

TojNews: Таваҷҷӯҳи шумо ба дунёи муд кай ва чигуна оғоз шуд?

Макнуна НИЁЗОВА: Аз хурдсолӣ орзуи ҳунарпешаи театр ё ҳуқуқшинос шуданро доштам, аммо падарам ба ин чиз иҷозат надоданд. Он кас мехостанд ман дизайнер-моделер шавам. Аз хурдсолӣ ҳунари дузандагӣ доштам. Яъне гуфта метавонам, ки аз хурдсолӣ шавқи тарроҳ шудан дар ман буд. Аммо бояд эътироф кунам, ки ин касбро барои ман падарам интихоб карданд.

TojNews: Шумо бояд моҳи май дар ҷашнвораи мӯди Осиё дар Куриёи Ҷанубӣ иштирок намоед. Мехостем пурсем, ки ин чӣ ҷашнвора аст ва омодагиҳои Шумо дар кадом сатҳ аст?

Макнуна НИЁЗОВА: Тайёрии ман дар сатҳи паст нест, хуб аст. Онро олӣ гуфта наметавонам, чун танҳо баъди ғалаба онро олӣ гуфта мешавад. Коллексияи нав омода карда истодаам, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро дар Куриё муаррифӣ карда тавонад. Интизории зиёд дорам, ки дар ин озмун ғолиб меоям ва ин озмун барои ман роҳҳои нав мекушояд. Дар озмун аз ҷониби ман як қатор либосҳое пешниҳод мешавад, ки фарҳанги тоҷикро таҷассум мекунанд. Онҷо ҳам либоси мардона ва ҳам занона муаррифӣ мешавад. Либоси мардона, ки онро омода кардаам бештар ба қаҳрамонҳо монанд аст.

Инҷо мехоҳам ба як иддао дар бораи худ посух диҳам. Ҳамаҷо мегӯянд, ки гӯё ман сарпараст мекобам. Аммо сарпараст дорам ва он Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Аз соле донишҷӯ будам, барои иштирок дар озмунҳо ба ректори донишгоҳ мактуб менавистам, ки ба ман кумак расонед. Ректор ҳеч вақт мактуби маро рад намекард. Чунки падарам муаллими донишгоҳ буданд. Донишгоҳ ба ман ҳамчун фарзанди муаллим кумак мерасонад. Аз аввал то имрӯз сарпарасти ман донишгоҳ аст

TojNews: Барои то ба ин сатҳи имрӯзаат расидан чи мушкилиҳое пеши роҳат буд?

Макнуна НИЁЗОВА: Духтари хушмуомила ҳастам (механдад). Аммо то имрӯз пешпои зиёд хурдаам, бисёр маро фиреб додаанд. Касоне ҳастанд, ки мехоҳанд ман пеш наравам, лекин ман ба ин чизҳо аҳамият намедиҳам. Ҳамаро дӯст қабул мекунам, аммо дар вақти зарурат атрофи худро ҳимоя мекунам. Ба касе кордор нестам, чун гирумони зиндагиам барои ман кофӣ аст. Мутаассифона, бахилӣ дар атроф хеле зиёд аст ва ҳатто шахсоне мехоҳанд монеи кори ман шаванд, ки ман бо онҳо боре ҳамкорӣ накардаам.

TojNews: Як суоли шояд то ҳадде ноҷо бошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуморо бештар на чун тарроҳ балки як зебосанами тоҷик мешиносанд. Фикри Шумо чист? 

Макнуна НИЁЗОВА: Фикр мекунам, ки сабабаш симои тоҷиконаи ман ҳаст. Бештар ҳисси миллии ман аст, ки ҳадду канор надорад ва ҳаваси зиёд ба либоси миллӣ дорам. Тоҷик дар кадом давлат, ки набошад ва агар ҳазор аврупоӣ ҳам шуда бошад ҳатман тоҷик аст.

Таваҷҷуҳи мардум ба ман ҳамчун духтари тоҷик бисёртар аз он аст, ки ман дар сарам тоқию дар бар куртаи атлас дорам. Агар ман ҳам пероҳани аврупоӣ ба бар кунам, мисли ҳама духтарон мешавам ва касе ба ман таваҷҷуҳ намекунад. Яъне мисли ҳама мешавам.

Маълумот аз TojNews

Макнуна Ниёзова 9-уми сентябри соли 1987 дар шаҳри Душанбе дар оилаи устоди донишгоҳ таваллуд шудааст.

Соли 1994 таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби №43-и пойтахт шуруъ карда, соли 2005 онро хатм кардааст. Соли 2010 факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси рассом-тарроҳ хатм кардааст.

Фаъолити кориашро соли 2008 ҳануз аз даврони донишҷӯӣ дар вазифаи Инспектори таъминоти иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шуруъ кардааст. Баъдан дар вазифаҳои зерин кор кардааст:

2009-2010 Котиб-мушовири ректорати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

2010-2013 Ёвари калони ректор оиди назорати низоми ҳуҷҷатгузории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

2013-2014 Сардори шуъбаи таҳияи барномаҳои телевизиони таълимӣ, коргардони маркази таълимӣ-фосилавии “Маърифат”- и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

2014-2015 ҷонишини сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ташаккули имиҷ оиди кор бо донишҷўёни соҳибистеъдоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

Аз соли 2015 то ҳол Сардори Маркази таълимӣ-тренингии театри “Муди тобон”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.

Макнуна Ниёзова бо ихтисоси идораи давлатӣ дар Донишкадаи идораи давлатии назди Президенти  Тоҷикистон таҳсил мекунад.  

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Пеш аз ҳама инро ёдовар мешавам, ки барои бонуи тоҷик ҳамон беҳ ки либоси монда аз падарону модарони наслҳо пеш беҳтарин чиз аст на инки ғарбзадагӣ ва фарҳангпарастӣ! Шумо натанҳо мандуми тоҷикба хиёнат карден балки ба одобу русуми қадими тоҷик пушт гардониден ва шумо сазовори ин кишвар нестен равед берун аз Тоҷикистон ва ба ҳамон ғарбеки руй овардед паноҳ баред чун шумо фарҳанзада ва фарҳангфурӯш ҳастед! Ин як падидаи шумо ҳаст дар ҷомеа ки насли ҷавони моро шумо ба ғарбу ғарбзагӣ роҳнамоӣ мекунед! Фарҳанги кӯҳани моро чӣ шудааст, ки шумо руй ба ғарбеки чанд аср пеш ба вуҷуд омадааст паноҳ мебаред?
Akai >Sajdamir hudut hamin makolara to ohir hondi? Ba tu yagon kas hukuk nadodas,ki kasero az vatanash pesh kuni, agar kame farhang medoshti safsata namenavisti!
Ҳой, гули гаранг! Фарҳанги куҳани мо ба шумо барин бефарҳангон ниез надорад. Иникосии"Дустори" шумо дар иҳотаи фаранги кадом аср аст? бедор шавед, зиндаги дар асри xxi аз xi фарқият дорад. Биёед аз қувваи барқу автомобил даст кашем, онҳо ҳам ба Шарқ дахл надоранд. Бонуи нозанину пешқадам, тавонистааст бо ғайрату истеъдодаш фарҳанги моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Шумо ба ғайр аз ғайбат, чӣ пешниҳод доред.
Очень грамотное и содержательное интервью. А то некоторые в силу большого ума кроме сравнения с Ким ничего и не увидели. Да пусть хоть с Памелой Андерсон сравнивают! Макнуна - звезда Востока! Всевышный дал ей Ум, Красоту, Талант, Скромность, Искренность,Целеустремленность! Нужно принять это как факт,и пожелать ей Счастья,Удачи и Успехов :-)
Макнуна Ниёзова ҷон ть ЗУри бади
Макнуна. Шавхар дорй?
Макнуна хохарам - Шумо ифтихори мо, ифтихори миллати точикед. Бо суханони як-ду харзагуй, ки дониш, акл, фаросат надошта, дунёро факат бо чашми хасуди худ мебинанд ва мафкураи онхоро хурофот хурдааст, дилатонро гамгин насозед, мисли Sadriddinhoi arabparast барин одамхо кам нестанд. Ба инхо диккат надихед. Ба Шумо муваффакият.

Шояд шумо суол ё назаре доред?