Мақомоти милиса соҳибони ҷасади як мухлиси Баха-84-ро меҷӯянд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади як ҷавони тахминан аз 18 то 23-сола хабар медиҳад, ки як моҳ ин ҷониб аз соҳибонаш дарак нест.

Сомонаи ин вазорат бо интишори ин хабар аз шаҳрвандони хоҳиш кардааст, ки ҳар касе агар ин аксро мешиносад, барои пайдо кардани хешовандону пайвандонаш ҳамкорӣ кунад.

Манбаъ мегӯяд ин ҷасад рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шудааст.

Ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола аст.

Нишонаҳо: қадаш 165-170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ дорад. 

Ҷавон ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз маргаш барномаи консертии ҳунарманд Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд ширкат карда, ҳамроҳи ӯ расм гирифта будааст.

Вазорат навиштааст, ки “аз мухлисони ҳунарманд ва тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Б.Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 занг зананд”.

Гуфта мешавад, ки тӯли ин бештар аз як моҳ ҷасад дар сардхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.

ҶАСАДИ ИН ҶАВОН, БА ИТТИЛОИ ВКД, ДАР Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ ПАЙДО ШУДААСТ

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?