Мақомоти тоҷик “ФСБ”-ро аз қасди амалиёти терористӣ хабар додаанд

Мирзоев Абдухолиқ Алишерович

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи қасди амалҳои терористӣ дар ҳудуди Русия ва Осиёи Марказӣ нахустин шуда иттилоъ пайдо кардааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,   ин ниҳод “аввалин шуда ба ҳаммаслаки ин гурӯҳ баромада тавонистанд ва дар бораи ҳамаи аъзоёни гурӯҳ маълумот гирифтанд. Пас аз он маълумотҳо ба ҳамкорони Хадамоти Федеролии амнияти (ФСБ) Федератсияи Россия пешниҳод гардиданд.”

Ба гуфтаи манбаъ, аз қасди ин гуруҳи терористӣ ба воситаи бародари як шаҳрванди Тоҷикистон огоҳ шудаанд, ки ҳоло дар Сурия ҷанг мекунад.

-Бародари ӯ И.Ҷ., ки мехост барои дар амал татбиқ намудани амалҳои террористӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия бо супоришҳои аз бародараш гирифта ба давлати Сурия сафар намояд, дар фурудгоҳи шаҳри Москав аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дастгир карда шуда, ба Ватан баргардонида шуд.

Дар ВКД таъкид мекунанд, ки ба воситаи бародари дастгиршудаи И.К. ва дар натиҷаи амалиёти якҷояи кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон 12 шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористиро дар Федератсияи Россия ва қаламрави Осиёи Миёна доштанд, дастгир карда шуданд. Аз дастгиршудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд.

Изҳороти ВКД дар ҳоле пахш мешавад, ки ахиран дар шабакаи Интернет навори бозпурсии Мирзоев Абдухолиқ Алишерович, сокини шаҳри Турсунзода нашр шуд, ки мегӯяд, қасди амалиёти террористӣ дар Русияро доштааст. Дар ин навор Абдухолиқ мегӯяд, бародараш дар Сурия қарор дорад ва ният дошт дар Маскав амалиёти террористиро ҳамроҳи “тағо”, шаҳрванди Қирғизистон амалӣ кунад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?