Манъ шудани фаъолияти хориҷиҳо дар сохтори Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон ба Қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳо ворид кард, ки тибқи он аз ин пас танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи фаъолият дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-ро доранд.

2-юми ноябр Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси КДАМ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, бар асоси ин лоиҳа, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буданро доранд.

Ҷаноби Умаров сабаби ин тағйиротро “сирри давлатӣ” унвон кард ва гуфт, ки бар асоси ин тағйирот, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд забони тоҷикиро донанд ва танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва афроди дорои ду шаҳрвандӣ наметавонанд, корманди ин ниҳод шаванд. Мансурҷон Умаров ҳамзамон афзуд, ки бо ин роҳ мехоҳанд, аз дастрас шудани маълумоти сирри давлатӣ, пешгирӣ кунанд.

Дар гузашта дар ниҳодҳои дигари қудратӣ шахсони дорои ду шаҳрвандӣ - Тоҷикистон ва Русия фаъолият мекарданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?