Марк Сукерберг 99 дарсад саҳмияҳои Facebook-ро ба корҳои хайриявӣ сарф карданист

Марк Сукерберг, поягузор ва раҳбари кулли Facebook  қасд дорад, 99 дарсади саҳмияҳои ин шабакаи иҷтимоиро бо ҳадафҳои хайру эҳсон  масраф мешаванд.

Поягузори шабакаи иҷтимоии Facebook, ки бо дороии 40,3 млрд доллар ҳоло яке аз нафарони сарватманди ҷаҳон мебошад, ин тасмимро баъди таваллуди духтарчааш эълон кардааст.  Ӯ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба унвонии духтарчааш навиштааст, ки ин тасмимро якҷо бо ҳамсараш Приссилла Чан гирифтааст.

Аслан ин номаро Сукерберг ба духтари навзодаш бахшидааст ва гуфтааст, ки хайрияҳои ӯ бояд рушди иқтидори инсон ва бунёди баробарӣ миёни атфолро ҳадаф қарор диҳанд. Бино ба навиштаи худи Сукурберг тадриҷан арзиши 99%-и саҳмияҳои ширкат 45 миллиард доллар хоҳад буд.

Марк Сукерберг номи духтарашро Макс гузошта, дар идома навиштааст, ки қасд надорад ба зудӣ аз раҳбарӣ даст кашад, муддати тӯлонӣ дар вазифаи раҳбари кулли Facebook боқӣ хоҳад монд.

Бино ба навиштаи хабаргузории  Reuters Сукерберг  зарфи се соли оянда ҳамасола на бештар аз 1 миллиард долларро сарфи хайру эҳсон хоҳад кард. 

Сукерберг дар рейтинги 400 сармоядори амрикоӣ тибқи  арзёбии Forbes бо 40,3 миллиард доллар дар мақоми 7-ум қарор дорад 

Copyright @2015 TojNews 

Шояд шумо суол ё назаре доред?