Маркази зиддитеррористии Қазоқистон: Онҳе, ки дар ҳамлаҳои Оқтеппа даст доштанд, кушта ё боздошт шуданд

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълон кард, ки тамоми онҳое, ки дар ҳамлаҳои 5-уми июн дар Оқтеппа даст доштанд кушта ё боздошт шудаанд.

Маркази зиддитеррористии Қазоқистон 12-уми июн дар ин бора хабар дода гуфт, аз ин гуруҳ силоҳи зиёд мусодира кардаанд. 

Бино ба иттилои расмӣ, мақомот манзил - паноҳгоҳи ҷинояткорони боқимондаро дар Оқтеппа ёфта, дар пайи як амалиёт се нафари боқимонда - Куанишбоев, Танатаров ва Акпанбетов боздошт шудаанд. Акпанбетов ҳангоми фирор аз пояш тир хӯрдааст. 

5-уми июн ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.  Дар натиҷа 7 нафар, аз ҷумла  сокинони осоишта ва ходимони ҳарбӣ ҳалок гардида, 13 ҷинояткор нобуд карда шуданд. Дар ин кишвар сатҳи миёнаи таҳдиди террористӣ- «зард» ба муҳлати 40 рӯз ҷорӣ шудааст.
Баъдан, рӯзи 10 июн зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Актобе 5 ифротгароӣ дигар нобуд карда шуданд. 

Ягон гуруҳи террористӣ ин ҳамларо ба уҳда нагирифта, мақомоти қазоқ ҳам аз кадоми онҳо ном намебарад. 

Аммо баъд аз ҳамлаҳо дар Оқтеппа дар расонаҳо гурӯҳе бо номи "Артиши озодибахши Қазоқистон"  аз худ дарак дода, дар изҳороте, к аз номи он нашр карданд, гуфта мешавад: "ин аввалин задухӯрди ҷонибдорони рушди демократия дар Қазоқистон бо низоми диктатурии Назарбоев буд".

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, аз вуҷуди созмоне бо номи "Артиши озодибахши Қазоқистон" иттилоъ надоранд. 

Сомонаи расмии Нурсултон Назарбоев, Президенти Қазоқистон 8-уми июн қазияро шарҳ дода гуфт, ҳамлагарон пайравони як "равияи тундрави мазҳабӣ" будаанд, ки аз хориҷи ин кишвар раҳнамоӣ мешуданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?