Марзҳои Узбакистон ба рӯи 4 кишвари ОМ баста шуд

Узбакистон муваққатан марзҳояшро ба рӯи 4 кишвари Осиёи Марказиро баст.

Сар аз имрӯз 15-уми июн то 25-уми июн вуруди одамон, мол ва мошинҳо аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба Узбакистон манъ аст.

Хадамоти марзбонии Узбакистон ҳадаф аз манъ шудани марзро таъмини амнияти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ кардааст.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  23-24-уми июн дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш сарони кишварҳои Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва намояндагон аз Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Покистон иштирок кунанд. Эҳтимол дар ҳошияи ин нишаст Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбекаш Ислом Каримов мулоқот кунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?