Матбуот: Агар созишномаи сулҳ имзо намешуд... (Хулосаи матбуот)

Мавзуъҳои гуногуне ба мисли ояндаи созишномаи сулҳи тоҷикон, раводид миёни Русия ва Тоҷикистон, чораҳои зиддибуҳронӣ ва мушкилоти иҷрои онҳо, таҳдидҳои амниятӣ ва сарнавишти ояндаи ҲНИТ дар нашрияҳои чопи Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла ҳафтаномаи “Фараж” (№ 27 (448) аз 1-уми июли 2015) ҲНИТ-ро ба хомӯшӣ дар қазияи ДИИШ муттаҳам кардааст. Муаллифи мақолаи “ҲНИТ пеши ДИИШ чаро хомӯш аст?” менависад, ки “имрӯзҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ ва пайдо гаштани ба номи “Давлати исломӣ” сахт нигарон кардааст. Аксарият медонанд, ки аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҷавонони мо ҷалб карда мешаванд. Ва имрӯзҳо ба муқобили сохторҳои қонунии давлатҳои Ироқ ва Сурия ҷангида истодаанд.  Лекин ҲНИТ ягон маротиба дар саҳифаи сомонаи худ ва воситаҳои ахбори омма дар ин бора даъват ба амал наовардааст ва иштирок дар ин набардҳо аз нуқтаи назари дини мубини ислом гуноҳест бузург.  Баръакс,  ин падидаҳоро дар воситаҳои ахбори омма ҲНИТ ҳар гуна тоб дода, калтаки дасти худ кардааст. Инчунин ба ҳар роҳу восита садо баланд мекунанд, ки имконияти надодани иҷрои рукнҳои исломӣ ҷавононро ба радикализм ва экстремизм мепайвандад”.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№ 26 (1120) аз 2-юми июли 2015) навиштааст, ки дар кишвар шумораи қатли зани тоҷик меафзояду зиёиёни мо ба марги дигарон азо мегиранд. Ишора ба вокунишҳо ба қатли Фархундаи афғон аст, ки иддае қариб буд аз он фоҷеаи башарӣ созанд. Нашрия аз суханони Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Мағфират Хидирзода иқтибос меорад, ки он замон мегуфт: “чун ҷомеа эътироз карданд, бояд ин як ҳушдор бошад, дар ин масир аллакай ноадолатиҳо гузаштаанд”. Ва муаллиф рӯ меорад ба таҳлили чанде аз кушторҳои овозадор дар Тоҷикистон, ки мардон ҳатто модарони худро ба даҳшатноктарин шева ба қатл расонданд. “Раиси муллоҳоямон “куфу суф” гуфту кори қотилони Фархундаро “куфр” гуфт, , шоирамон ба ин миллат “туф” гуфт, роҳбари занҳои ҷумҳурӣ онро “беадолатӣ” унвон кард. Аҷаб, чаро мо дарди дигаронро қабул дорему дарди дили худро ҳисс намекунем? Чаро қатли даҳҳо зани тоҷикро нодида мегирем? Чаро Шӯраои уламо ва Кумитаи кор бо занон, ки фаъолона қотилони Фархундаро маҳкум намуданд, намепурсанд, ки қотили Аҳдия куҷо рафту кушандаи модари сиёҳбахт дар маҳбас аст ё не”?

Нашрияи “Миллат” (№ 25 (512) аз 1-уми июли 2015) низ бо номи “Сарзамини орзуҳо” аз мақолаи “АиФ” ёд кардааст ва пурсидааст, ки вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амал кард, вазирони дигар чӣ? “Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон назар ба ҳар вақти дигар фавритар амал кард ва ба мақолаи муғризона посух гуфт. Аммо дигар ниҳодҳои масъул, аз қабили вазоратҳо ва ниҳодҳои ба кортаъминкунандаи кишвар чӣ мегӯянд? Чаро кайк дар пӯсти онҳо намедарояд? Чаро ҳеч як масъули ин ниҳодҳо ҳаддиақал дар нашрияи “АиФ” чопи Душанбе изҳори назар намекунанд? Кадоме аз ин ниҳодҳо барномаи амалие доранд, ки  аз он рӯнамоӣ мекунанд, то дигар тоҷикон тарки ватан накунанд ва ҳам василаи дилхӯшии хабарнигорон ва расонаҳои хориҷӣ нагарданд?”,-менаисад муаллиф.

“СССР” (№ 26 (355) аз 2 июли 2015) ба пешниҳоди роҳандозии низоми раводид миёни Русия ва Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардааст. “Муҳимтарин рукни раводид ин таҳти контрол қарор додани низомиёни шарики стратегӣ низ ҳаст. Аннексияи Қрим моро бояд кайҳо сари  қарордоди мазбур мекашид. Зеро равуои бевиза мақомотро  дар ҳолае мондаанд, ки онҳо дақиқан намедонанд чӣ қадар низомии рус дар ин шабу рӯзҳо тавассути  ҳавопаймо ба ҶТ ворид мешаванду мебароянд. Аммо ин шарик  бо бародарони ҳамхуни худ-Украина чӣ коре кард, набояд аз мадди назар дур бошад”, менависад газета ва идома медиҳад: “раводиде, ки “АиФ”, номдортарин газетаи Русия пешниҳод кардааст, бояд аз ҷониби давлати мо дастгирӣ ёбад. Зеро дар олами журналистикаи муосири ҷанганда ва он ҳам аз ҷониби газетае чун “АиФ” матлабҳои тасодуфӣ нашр намешаванд. Ин ҷо кадом сирре ниҳон аст, ки то тирамоҳ руҷуъ хоҳад кард”.

Таҳлилгари тоҷик Султони Ҳамад дар суҳбате бо “Озодагон” (№ 25 (381) аз 1-уми июли 2015) гуфтааст,ки агар рафту Созишномаи сулҳ 18 сол пеш ба имзо намерасид, Тоҷикистон  ҳоли Афғонистон, Ироқ, Либиё, Сурия, Украина медошт. “Ҷанги хонумонсӯз агар идома мекард, даҳҳо ҳазор тани дигар аз ҳамватанони мо кушта мешуданд, сафи бевазанону ятимон меафзуд, мулк боз ҳам вайрону валангортар мегардид, шояд Тоҷикистони азизи мо ба минтақаҳо таҷзия мешуд, мисле ки дар кишварҳои номбурда ин ҳолатро мебинем”. Ин таҳлилгар ҳамзамон гуфтааст, ки бинои сулҳ торафт тахриб мешавад. Вай 17 соли таҷлили рӯзи Ваҳдатро ба ёд меорад, ки солҳои аввал ширкаткунандагонаш аз ду ҷониб зиёд буданд, вале сол ба сол теъдоди мухолифон дар протоколи ҳукуматии ҷашнвора коҳиш дода мешуд.  “Оҳиста-оҳиста замоне фаро расид, ки дигар дар чунин ҷашнҳо намояндагони ҷониби мухолифинро даъват намекардагӣ шуданд. Чаро чунин шуд ва ҳоло ҳам чаро чунин шуда истодааст, танҳо ба Худо маълум. Банда дар чунин муносибат бо намояндагони собиқ мухолифин мантиқи солиму созандаро намебинам”.

“Азия-плюс” (№ 51 (1034) аз 2 июли 2015) тарҳи ҳукуматии чораҳои зиддибуҳрониро ба чолиш кашидааст, ки моҳи январ қабул шуда буд. Татбиқи он чи гуна аст? Оё ҳукумат муваффақ шудааст, ки дар 5 блоки тадобири пешбинишуда комёбие дошта бошад ва ё ҳаддақал хавфи печидан ба буҳронро коҳиш дода бошад. Баъди ном бурдани ин 5 блок ва ҷиддияти вазъ дар онҳо, муаллиф хулоса мекунад: “Ба мо муясаар нагардид, ки дар бораи сармоягузории кофии тарҳҳои пешбинишуда ва амалкарди мушаххаси баъзе идораҳо маълумоти  муътамад пайдо кунем.  Оё тарҳи таҳияшуда метавонад “харитаи роҳ” ба дасти ҳукумат дар давраи буҳрон бошад ва ё ба сурати як намоиши зебо боқӣ хоҳад монд? Бигзор ҳар кас худ хулоса барорад”.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Дар кавми Худамон ягон мурда шавад, занхо гиря карда аламхои худро тоза мекунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?