Матбуот: “Ҳукумат бояд аз харҷи консертҳову ҷашнҳои идона даст кашад”

Гузоришҳо ва назарҳо аз марги ногаҳонии Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор, манъи эҳтимолии фаъолияти ҲНИТ, мушкилоти буҷа дар кишвар аз ҷумлаи мавзуҳое буданд, ки дар матбуоти чопи ин ҳафтаи Душанбе баррасӣ шудаанд.

Кулли нашрияҳои чопи ин ҳафта дар мавзуъи марги нобаҳангоми Акбари Саттор, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон навиштаанд ва онро як талафоти гарон ва ҷуброннопазир дар фазои матбуотии кишвар хондаанд. “Озодагон” (№34 (390), 2 сентябри соли 2015) навиштааст, ки Акбари Саттор нафаре буд, ки Иттифоқи нависандагони нобудшударо эҳё кард ва аз бунёди як созмони ҷамъиятии журналистон дар маҳдуди кишвраҳои пасошӯравӣ хабар дод.

“СССР” (№36 (365), 3 сентябри соли 2015) навиштааст, ки Акбар аз хоксорӣ мегуфт коре накардааст, ки шоистаи таърифу тавсиф бошад. Вале “дурӯғ мегуфт. Зеро Акбар бисёр корҳое кард, ки онро метавон ба 1 ҷумла хулоса намуд: “Ӯ журналистикаи тоҷикро за маргу мир ва нестшавӣ дар солҳои ҷанги гражданӣ эман дошт, ки танҳо бо ҳамин кораш бояд Пайкарааш дар назди ГЖК бардошта шавад..”

“Тоҷикистон”  (№35 (1129), 3 сентябри соли 2015) навиштааст, ки “Ӯ тайёр буд охирин сомонии дар ҷайбаш бударо ба шахси дармонда диҳад ва ҳамин тавр ҳам мекард”.

“Азия-плюс” (№68 (1051), 31 августи соли 2015) мусоҳибаи охирини Акбари Сатторро бозчоп кардааст, ки гуфтааст: “Барои журналист беҳизбӣ будан осонтар аст, зеро агар узви ҳизбе ҳастӣ, мехоҳӣ намехоҳӣ сарбози ҳамон ҳизб хоҳӣ буд. Вале ин барои журналист қобили қабул нест, агар вай мехоҳад мустақил бошад”. Ҳамчунин ин нашрия хабар додааст, ки 30-юми август вай мебоист бо ҳайате ба Чин мерафт, вале субҳи рӯзи ҷумъа занг задааст ва гуфтааст, ки саломатиаш чандон хуб нест ва наметавонад сафар кунад. Котиби масъули Иттифоқи журналистон Мадина Валиева баъди ҳалли масъалаи лағви сафари Акбар дубора ба ӯ занг задааст, вале аллакай касе посух намедод. Ӯ ҷон супурда буд.

“Тоҷикистон”  (№35 (1129), 3 сентябри соли 2015) дар бораи иштибоҳот дар Маркази тестӣ навиштааст. Сухангӯи Маркази тестӣ гуфтааст, ки  бо хоҳиши Ҳукумати ҶТ ва Вазорати маориф ва илм марказ қарор кард, ки давраи такрории қабулро ба роҳ монад. Аммо сухангӯи вазорат  инро такзиб кардааст ва гуфтааст, ки тасмими худи Маркази тестӣ буда, вазорат ба он дахле надорад. “Яъне, метавон хулоса кард, ки Маркази миллии тестӣ метавонист дар даври аввал қабулро ҷамъбаст кунад. Аммо он гунае, ки мебинем, боз ҳамон “Аҳмади порина”. Чун ин амали Марказ боис шудааст, ки мардум саргардон шаванд ва донишҷӯён ҳатто ба факултаҳое роҳ ёбанд, ки онро интихоб накарда буданд”.

Дар иртибот ба овозаҳову талошҳои бастани фаъолияти ҲНИТ “Озодагон аз коршиносон суол кардааст, ки “Ба назари шумо ояндаи Тоҷикистон ба яккаҳизбӣ аст”? Коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов посух додааст, ки “яккаҳизбӣ намешавад, ҳамон ҳизбҳое, ки “кисагӣ” мегӯем, боқӣ мемонанд. Он ҳизбҳое, ки нисбатан ба ташкилотҳои мухолифин монандӣ доранд, барҳам мехӯранд”. Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократ аз Амрико ёд кардааст, ки ҳамагӣ ду ҳизб дорад. “Онҳо аз мо хеле боақлтару  дар соҳаи хоҷагии халқ ва имкониятҳои давлатдорӣ пешрафтатаранд”.

“Фараж” (№ 36 (457), 2 сентябри соли 2015) дар ин иртибот мусоҳиба бо  раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Масчо  Илҳом Бековро чоп кардааст, ки гуфтааст, анҷумаи ҳизб танҳо ба он шарт, ки як масъала дошта бошад, баргузор шавад. Яъне, масъалаи ихтиёрӣ бастани фаъолият. “Ин ақидаи чандинсолаи ман буд, ки қариб 8 моҳ пеш ба Раёсати шуъбаи вилоятӣ пешниҳод карда будам. То он рӯз ҳеч як мақомоти давлатӣ  барои қатъи фаъолияти ҳизби мазкур маро даъват накарда буд”,- гуфтааст Беков.

“Азия-плюс” (№69 (1052), 3 сентябри соли 2015) масъалаи сарфакорӣ дар буҷаи давлатиро ба чолиш кашидааст. Маблағгузории мақомоти давлатӣ аз сол ба соли дигар афзоиш меёбад. Чунончӣ, соли 2014 он 21,2 дарсад ва соли ҷорӣ 11 дар сад афзуда, 920,7 миллион сомониро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии кишвар  дар миёнаи сол беш аз 13,6 миллиард сомонӣ (2,1 миллиард доллар) буд.

Ин нашрия дар мақолаи “Где урезать?” аз суҳбат бо коршиносони зиёд навиштааст, ки вазорати молия бояд таҳлили воқеъӣ ва ҷиддии масрафоти вазорату идораҳоро роҳандозӣ кунад ва ин корест, ки дар ҳама кишварҳои мутамаддин анҷом медиҳанд. Аз сӯйи дигар сохторҳое, ки ҳамдигарро такрор мекунанд, бояд ҷиддан омӯхта шаванд ва дар сурати зарурат барҳам дода шаванд.  Аз ҳама гуна чорабиниҳои сермасраф, аз қабили консертҳои идона, ҷашнҳои пурдабдаба даст бояд кашид. Ва маблағҳои сарфакоришударо ба соҳаҳои муҳим, аз қабили маориф, беҳбуд бахшидан ба шароити омӯзишу парвариш равона бояд сохт.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?