Матбуот: Мақомоти давлатӣ аллакай аз додани ахбор ба расонаҳо худдорӣ мекунанд

Матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе бештар дар мавзуъи фоҷеаи Бадахшон мақолоту гузоришоти ҳамсон доштанд. Ва дар канори он дар мавзуъҳои зиёди иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ низ матолиби гуногун ба нашр расида. 

“Нигоҳ” дар матлаби “Густариши ҳузури ИМА ва ҷиҳодиён дар Осиёи Марказӣ” (№17 (450), чоршанбе, 22 июли соли 2015) “Амрико бо Чин танҳо баъди ҳузур пайдо кардан дар марзҳои он дасту панҷа нарм карда метавонад. Ва ин марзҳо бахше аз қаламрави Осиёи Марказӣ низ мебошанд. Пас имрӯз оё ин кишварҳо омода ҳастанд бо хатари ДОИШ муқовимат кунанд? Русия дар ҳоли буҳронаш бо Украина ва ташаннуҷи авзоъ дар қаламрави қафқозии худ то куҷо метавонад аз Душанбеву Бишкеку Тошканду Ишқобод пуштибонӣ кунад? Ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба чанд иқдоми созанда дар таҳкими марзҳояш бо Афғонистон даст зад, вале дар ҳоли пушти парда будани Амрико барин қудрати ҷаҳонӣ ин талошҳо то куҷо самароваранд”?

“Фараж” (№30 (451), чоршанбе, 22 июли соли 2015) аз Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 дар мавриди аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кӯчонидани 1000 оила ба шаҳри Турсунзода ёд мекунад ва менависад, ки бо гузашти 8 сол  аз ин қарор ва муҳиҷир гардидани зиёд нафарон ба шаҳри Турсунзода ҳоло ҳам бисёр масъалаҳо ҳалли худро наёфтаанд. Дар ин муддат аз ҳазор оила танҳо 320 оила ба заминҳои ҷудошуда омада манзили истиқоматӣ сохтаанд, вале 680 оила намомадаанд в аҳатто маълум нест, ки меоянд ё на. 

СССР» (№29 (358), панҷшанбе, 23 июли соли 2015) менависад, ки 30 ноболиғ  аз вилояти Хатлон ҳамроҳи ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террорристӣ пайваста, дар ҷанги Ироқу Сурия ва Афғонистон ширкат доранд.  Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз шомилшавии ҷавонони ин вилоят ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва рафтани онҳо ба Сурия, Ироқ Афғонистон ва ба сафи “Давлати исломӣ” пайвастанашон изҳори нигаронӣ кард. 

 “Азия-плюс” (№57 (1040), панҷшанбе, 23 июли соли 2015) хабар медиҳад, ки дар наздиктарин фурсат дар ҶТ татбиқи лоиҳаи пурсармояи бунёди хати интиқоли гази Тоҷикистон-Чин оғоз мешавад., ки 3,2 миллиард доллар арзиш дорад. Ин бахше аз ҳамон сохтмони овозадори минтақавии интиқоли гази Туркманистон-Чин мебошад, ки аз қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон убур мекунад. Ин нашрия менависад, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон наздик ба 3 ҳазор ҷойи кори нав сохта мешавад. Гузашта аз ин буҷаи давлатӣ бояд ҳар гуна андозҳо ситонад. Ва дигар ин ки ин хати интиқоли газ баъди комилан бунёд ёфтанаш солона ба буҷаи кишвар 1 миллиард доллар фоида меорад. 

Сайидумар Ҳусайнӣ, ноиби Раиси ҲНИТ дар “Наҷот” (№30 (852), панҷшанбе, 23 июли соли 2015) гуфтааст, ки 70 дарсад касоне, ки аз сафи ҳизб хориҷ карданд, на танҳо узви ин ҳизб набуданд, балки  балки аз вуҷуди наҳзат хабаре надоранд. “Ҳизби расмиеро, ки оинномаи  худро дорад ва дар асоси Конститутсияи кишвар фаъолият мекунад, аъзо ва масъулинашро ба идораҳои ШКД ва КДАМ ва ҳукуматҳои маҳал даъват намуда, иҷборан аз ҳизб хориҷ карда, шуъбаву бахшҳои ҳизбиро бо протоколҳои сохта барҳамхӯрда эълон медоранд”. 

 “Тоҷикистон” (№29 (1123), панҷшанбе, 23 июли соли 2015) мавзуъи маҳдудсозии дарёфти хабар барои расонаҳоро ба чолиш кашидааст. “Ба андешаи аксари журналистон ин гуна сиёсат, пеш аз ҳама дастрасӣ ба иттилооти дақиқу холисонаро маҳдуд мекунад ва дар пайи дарёфти воқеъият вакуум ба вуҷуд меояд, ки  боиси пайдо шудани ҳар гуна овозаҳои аз ҳақиқат дур мегардад”. Ин нашрия мегӯяд баъди расонаӣ шудани  протоколи маҷлиси ҳукумат дар масъалаи фаъол гардондани “Ховар” мақомоти давлатӣ аз додани ахбор ба хабарнигори “Тоҷикистон” худдорӣ кардаанд “ва мегуфтанд, ки аз боло супорииш шудааст, ки ғайр аз Агентии иттилоотии “Ховар” ба ягон расонаи дигар иттилоъ надиҳем”. 

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?