Матбуот: “Муолиҷаи иқтисоди кишвар осон нахоҳад буд”

Вазъи иқтисодии кишвар, анҷоми соли хониш ва баҳсҳо атрофи навиштаи охири шоир Бозор Собир дар бораи Фархунда аз мавзӯҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе мебошанд.

Нашрияи русзабони “Азия-плюс” (№41 (1024), аз 28-уми майи соли 2015) дар шумораи худ тадобири зиддибуҳронии ҳукумати кишварро камсамару камтаъсир номидааст. Муаллифи мақолаи “На пороге кризиса...” менависад, ки “омили аслии зояндаи хатарҳои иловагӣ фишорҳои маъмурӣ ба бозори арз ба шумор меравад. Дар оғоз Бонки миллӣ ба суқути қурби сомонӣ бо ҳуҷуми асъорӣ таваҷҷуҳ кард. Баъдан тадбирҳои нисбатан ҷиддӣ андешид ва фаъолияти нуқтаҳои хусусии табодули асъорро баст. Ҳарчанд каме баъдтар онҳо низ худро дубора чун бахше аз созмонҳои қарздиҳӣ сабти ном карданд.  Баъдан Бонки миллӣ дар фурӯши асъори хориҷӣ ба мардум маҳдудиятҳо ҷорӣ кард ва сипас худи роҳбарияти Бонкро ҳам ба истеъфо фиристоданд.

...Бар асари ин гуна “чораҳои зиддибуҳронӣ” бори аввал тӯли ин чанд соли охир дар кишвар бозори сиёҳи фурӯши арз ба вуҷуд омад, ки акнун аз ин бозор долларро метавонистӣ бо нархи гаронтар дастрас намоӣ. Ва ин таъсири манфие ба вуруди пул ба буҷаи кишвар сабаб гардид”.

Ҳафтаномаи мустақили “Миллат” (№22 (443), аз 27-уми майи соли равон) назари коршиносонро дар бораи тасмими вазорати маориф, ки баргузории маросими занги охирро дар доираи синфхонаҳо маҳдуд кард, пурсон шудааст. Аксари касоне, ки ба саволи нашрия посух додаанд, аз он истиқболи гарм кардаанд. Устоди ДМТ Саъдии Маҳдӣ гуфтааст, ки “Он аз замони Шӯравӣ ба мо интиқол ёфт. Бисёр одатҳои махуфу паст дар ин маросим ҷой дошт, ки шукр баста шуд”. Таҳлилгар Саъдӣ Юсуфӣ бошад гуфтааст, ки “вақте мактабҳои мо ба дарсу таълим диққати ҷиддӣ диҳанд ва воқеъан ба дабистони  илму маърифат ва таълиму тарбия табдил ёбанд,  он гоҳ бе занги охир ҳам фориғуттаҳсилӣ аз чунин мактабҳо воқеъан идест хотирмон ва ҷашнест басо муҳиму воқеъӣ”.

Нашрияи дигари мустақил “Фараж” (№22 (443), аз 27-уми май 2015) изҳори назари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмиро дар атрофи шеъри ба марги Фархунда бахшидаи Бозор Собир ва баҳсҳо атрофи он чоп кардааст.

Ба навиштаи Академияи илмҳо шеъри Бозор Собир бо ҳама тундӣ ва талхии баён натавонистааст умқи ин фоҷеаи башариро дар асри ХХI ба таври бояду шояд фаро гирад. “Ин фоҷеаи вуҷудӣ аст, фоҷеаи умумибашарӣ ва дар маҷмуъ худкушии ақлу хирад аст”. Мавқеъи тунди Бозор Собир, ки бисёр бо лаҳни эҳсосӣ иброз шудааст, метавонад муносибатҳои ҳамҷавории моро андаке хадшадор созад. Аз сӯи дигар АИ мегӯяд, ки сафири Афғонистон ҳам натавонистааст дар шеър  ва мусоҳибаҳояш воқеъияти ваҳшонияти ҷомеаи Афғонистонро дуруст ташхис диҳад. Академикҳои тоҷик бар ин назаранд, ки “фоҷеаи Фархунда бояд ба як рамз ва намод табдил ёбад ва ҳеч вақт аз саҳифаҳои маҷаллаю рӯзномаҳо дур нагардад. Он метавонад ҳамеша моро ба андеша дар бораи сарнавишти ҷомеаи худ ва ояндаи худ водор созад”  

“Тоҷикистон” (№21 (1115), аз 28-уми майи соли равон) низ ин мавзуъро ба чолиш кашидааст. Муаллифи мақолаи “Чаро аз шоири миллат душмани миллат месозем?” гуфтааст, ки норозигӣ аз ҷомеаи журналистии кишвар ӯро водор кардааст, ки сари ин мавзуъ андешад. “Ғалати маҳзе, ки журналистони мо дар ин зимн карданд, ба эҳсоси Бозор Собир нохун заданд, саволҳоеро пурсиданд ва дар сафҳаҳояшон ҷой карда, ҳеч ба нуқси ахлоқиву ҳуқуқии он диққат надода, худро “шинохта” намуданд”- навиштааст ӯ.

Матлаби “Бой без правила”: ҷавононро куҷо мебарад?”, ки дар “Фараж” (№22 (443), аз 27-уми майи соли 2015) чоп шудааст, аз одамҷанг дар Хуҷанд ҳикоят мекунад, ки соле як маротиба тибқи оини “ҷангҳои бидуни қоида”-и кишварҳои Аврупову Амрико баргузор мешавад. Ин нашрия менавсад, ки дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шудани  озмуни бераҳмонаи дур аз расму русуми тоҷикона шаҳри бостонӣ ва маркази фарҳангу тирози ҷаҳон будани Хуҷандро зери суол мебарад. Бо вуҷуди пурсишҳову пайгириҳои зиёд билохира муаллифи мақола натавонистааст ба суоли худ дар мавриди он ки ин гуна бозиҳои бераҳмонаро кӣ иҷозат додааст, посух дарёфт намояд. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?