Матбуот: Оё ба Узбакистон ҳам гузашт кунем?

Зиёдшавии фасод дар кишвар, баҳси обанбори “Фарҳод”, мушкилот бо ДОИШ, таҳдидҳои амниятӣ дар кишвар ва амсоли аз масъалаҳои аслӣ дар матбуоти чопи Душанбе буд.

“Фараж” (№32 (453), аз 5-уми августи соли 2015) ба масъалаи изофанависиҳо ва азхудкунии грантҳои давлатӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ рӯ овардааст, ки ахиран боиси сару садоҳои зиёд дар матбуот шуда буд.  Раиси Палатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода гуфтааст, ки  дар “Агронинвестбонк” зарар ба маблағи 596 ҳазор сомонӣ ва андози бонк 330 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Ҳамчунин ин ниҳод изфанависиро дар мақомоти иҷроияи сохтмони вилояти Суғд, Агентии стандартизатсия, Агентии суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва нафақа, Маркази миллии патенти иттилоот ва вазорати рушди иқтисод, Агентии хоҷагии ҷангал ва ғайра ошкор кардааст. Ҳамчунин азхудкунии ғайримуҷози грантҳои  Президенти Тоҷикистон дар Кумитаи занон ва оила фош шудааст.

“Фараж” аз қавли иқтисодшинос Табаралӣ Ғаниев навиштааст, ки кормнадони андоз низ  сабабгори рӯпӯш шудани изофанависиҳо шудаанд. Вай гуфтааст, ки  “Оиди рӯпушкунии андоз дар корхонаву муассисаҳо ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки сабабгори ин мушкил худи кормандони андоз ҳам ҳастанд, ки саривақт бо корхонаву ташкилотҳо дуруст корбарӣ намекунанд”.

“Озодагон” (№30 (386), аз 5-уми августи соли 2015) низ ба ин масъала дахл кардааст ва аз коршиносон пурсидааст, ки  “Фасодкорӣ дар қазияи грантҳои президентӣ натиҷаи чист”? Ба андешаи Раҷаби Мирзо “бо 10 ё 12 ҳазор сомоние, ки  ҳамчун грант дода шудаанд, дар шароити мо ташкил намудани корхона афсонае беш нест. Масалан, созмонҳои байналмилалӣ агар грант медиҳанд, хеле амиқ меомӯзанд, ки оё муддаӣ чӣ барномаи амал дорад? Кадом корҳоро дар кадом муҳлат анҷом медиҳад. Грантҳои калонҳаҷм дар як давра не, ба таври силсилавӣ ва бо анҷоми як марҳала ва оғози марҳалаи нави лоиҳа дода  мешаванду назорати иҷрои лоиҳа таҳти назорати ҷиддист. Дар мо, ҳоло мебинем, сарфи грантҳои президентӣ умуман назорат надоштааст...”

“Азия-плюс” (№61 (1044), аз 6-уми августи соли 2015) дар мақолаи “Коррупция решает всё» мубориза бо фасоди молӣ дар кишварро комилан нокифоя хондааст. Таҳлилгари ин нашрия менависад, ки “коррупсия дар кишвар он гуна рушд карда, ки дигар наметавон аз он сарфи назар кард.  Миёнаҳои феврали соли равон Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар аз фаъолияти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия интиқод кард ва онро ба шарикӣ дар фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам намуд.  Тафтиш бештар аз 1 миллиард сомонӣ зарарро ошкор кардааст, аммо аз ин миқдор танҳо 633 миллион сомонӣ ба хазинаи давлат баргардонида шудаасту халос. Зарфи 8 соли фаъолияти ин Агентӣ ягон соҳибмансаби сатҳи давлатӣ боздошт карда нашудааст. “Ин дар ҳолест, ки акнун сарварии мубориза бо коррупсия ба уҳдаи писари президент Рустами Эмомалӣ гузошта шудааст”,- менависад нашрия.

Профессор Ҷовид Муқим дар “Тоҷикистон” (№31 (1125), аз 6 августи соли 2015) ҳангомаҳои матбуотӣ дар атрофи протоколи №7 оид ба ироаи ахбор ба хабаргузориҳоро “ба ҷойи салла калла” унвон кардааст ва ин ҳангомаҳоро аслан беасос донистааст. “Аслан набояд фаромӯш кард, ки барои муштарӣ чандон муҳим нест, ки иттилои расмиро кӣ пештар пахш мекунад: расонаи давлатӣ ё хусусӣ. Муҳим он аст, ки ин хабарро кӣ пештар ва беғаразона пахш менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки сарчашмаи иттилои расмӣ як аст ва онро наметавон  тағйир дод. Бояд гуфт, ки дастури ҳукумат минбаъд бозори хабаркашҳоро гарм мекунад.  Ба қавле “утечка информации” афзоиш меёбад. Вақте талабот ба пахши саривақтии иттилои расмӣ ҳаст, пешниҳод низ ба вуҷуд меояд. Агар ин хел набошад, пас чаро хабарҳои муҳим, ки манбаъаш ниҳодҳои давлатӣ ҳаст, аз ҳама пеш дар расонаҳои хориҷӣ пахш мешаванд? Ҳатто аксар вақт фармони ба вазифа таъйин кардани ягон мансабдор ҳоло расман пахш нашуда, овозаи он дар байни мардум паҳн мегардад”,- менависад Ҷовид Муқим.

“Озодагон” (№30 (386), аз 5-уми августи соли 2015) дар суҳбати коршиносон масъалаи баҳсии обанбори “Фарҳод”-ро, ки ахиран Узбакистон онро омили аслии нармиш дар муносибатҳояд бо Тоҷикистон арзёбӣ карда буд, ба баҳс кашидааст. Ва суол ин гуна матраҳ шуда: Оё ба Узбакистон ҳам гузашт кунем?

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин масъала “мавқуъи шаҳрванди оддӣ, шахсе, ки ба ин кор машғул нашудааст, аҳамият надорад. Дар ин ҷо фақат мутахассисон ва он масъулони давлатие, ки ба ин кор муаззаф шудаанд, бояд машғул шаванд”. Нуралӣ Давлат гуфтааст, ки ба андешаи ӯ ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала гузашт намекунад. Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки “қонеъ кардани талаби Узбакистон бидуни шак тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро халалдор мекунад ва бархилофи амният ва манфиатҳои миллӣ мебошад”.

“Наҷот” (№ 32 (854), аз 6-уми августи соли 2015) дар мақолаи “Тоҷикистон: Либосченкунӣ ва яккатозии сиёсӣ” навиштааст, ки “Танҳо ҳузури Шодӣ Шабдолов дар парлумон боис мегардид, ки мардум тавассути ВАО аз коммунистҳо ёд мекарданд. Вале имрӯз дигар на мавқеъгирии Ш.Шабдолов ва на каси дигаре  аз ин ҳизб ҳатто агар аз ҲХДТ ҷонибдорӣ намояд, дигар таваҷҷуҳбарангез буда наметавонад”. Ин нашрия аз Амнияти Абдуназар, яке аз масъулони ҲСДТ иқтибос меорад, ки гуфтааст: “ҳизбҳо фаҳмидаанд, ки талоши онҳо барои ҷойгоҳсозӣ дар саҳани сиёсӣ як кори беҳуда будааст ва сотсиал-демократҳо ҳам аз созмонҳои байналмилалӣ домангиранд, ки ба ҳукумат таъсир расонида натавонистанд, то фазои сиёсӣ гуногунранг бигардад”. Агар ба ин гуфтаҳо таваҷуҳ шавад, эҳтимоли робитаи ин ҳизб ба созмонҳои байналмилалӣ хеле зиёд буда, василаи густариши гуногунфикрии сиёсиро дар фаъолият ё таъсири онҳо ба ҳукумат медидааст, ки ин иштибоҳ аст. Ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ба ҳамбастагӣ дар ҳадафи муштарак барои барқарории арзишҳои демократӣ ва мубориза барои таҳаққуқ пайдо кардани талаботи Констиутсия таъсир расонда метавонанд. Ин аст, ки ҳукумат маҳз ба ҳамин нуқтаи заъф таваҷҷуҳ кард ва барои ба ҳам наомадани ин гуна аҳзоби сиёсӣ лоиҳаҳои зиёдеро пиёда кард,-менависад “Наҷот”.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?