Математикҳои ҷавон: Маошамон 7-8 ҳазор сомонӣ бошад, кифоя аст

Чор толибилми Гимназияи “Ҳотам ва ПВ” аз Олимпиадаи байналмилалии математикон «JBMO 2016», дар Бухарест, пойтахти Руминия бо медалҳо баргаштанд.

Раҳматов Суннатулло, соҳиби медали тилло, Хонҷонов Наимҷон, Дилшодов Фаридун ва Алиакбари Азиз барандаи медали биринҷии ин озмун шуданд.

Суннатулло, ки дар синфи 9 таҳсил мекунад, 32 хол гирифтааст. Наимҷон  17 хол,  Фаридун 14 ва Алиакбар 13 хол гирифтаанд, ки дар синфи 8 мехонанд. 

Суҳбати Нилуфари КАРИМ бо математикҳои ҷавон – ғолибони «JBMO 2016» пешкаши хонандагони “Нигоҳ” мегардад.   

-Дар ин озмун аз чанд давлат иштирок карданд? Аз Тоҷикистон боз киҳо буданд?

Аз 21 давлати дунё иштирок карданд. Чор нафар аз гимназияи мо 2 нафар аз литсеи муштаракӣ тоҷикӣ-туркӣ буданд. Дар ҳар як даста 6 нафарӣ будем. Аз литсеи онҳо як духтар ва як писар буд. Духтарак ҷои дуюмро гирифт. Он писар ҷои сеюмро ишғол намуд.

Номи “Ҳотам ва ПВ”-ро зиёд мешунавем. Ва фақат баъди ғалабаҳои толибилмонаш дар хориҷи кишвар. Пеш аз он, ки дар ин озмуни байналмилалӣ ширкат кунед, дар ин ҷо ҳам аз имтиҳонҳо гузаштед? Хароҷоти сафар аз кадом ҳисоб аст?

Барои он, ки мо дар ин озмуни байналмиллалӣ иштирок кунем, дар Тоҷикистон як озмун шуда гузашт. 9-уми май буд. Дар яке аз литсейҳои туркӣ озмун шуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар аз тамоми гўшаҳои Тоҷикистон иштирок карданд. Аз он озмун 6 нафар гузашт.

Маблағи чиптаҳо ва маблағи олимпиадаро Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон пардохт кард. Гуфтанд, ки ғизо ва ҷойи хобамонро дар Остонаи Қазоқистон гимназия дод. 

Ман математикаро кам мефаҳмам, аммо масъалаи мушкилтарин бароятон дар Бухарест кадом буд?

Аз ҳама мушкил масъалаи чорум буд. Дар чорум масъала комбинаторика буд. Дар комбинаторика мантиқро донистан даркор аст. Аз ҳама мушкил ҳамин буд.

Ташаккур ба Олимҷони Пираҳмад, Хусрав Ёров ва Умед Ҳилолович, ки моро барои ин озмун хуб омода карданд.

Моҳи август дар Тайланд озмун мешавад, барои он омода шуда истодаем. Боз моҳи январи соли оянда дар Қазоқистон ҳам олимпиада ҳаст, ки аз мо Хонҷонов Наим гузашт.

Пештар ҳам дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок карда будед?

Суннатулло: Пештар танҳо ман дар ду озмуни байналмиллали иштирок карда будам. Дар Қазоқистон ду холам барои ҷойи сеюм нарасид. Дар олимпиадаи Сербия ҷойи сеюмро гирифтам.

Шумо дар синф танҳо нестед. Дар гуруҳи Шумо нафароне ҳам ҳастанд, ки донишашон суст аст? Ҳамаи Шумо математик нестед –ку...

Не. Инхел нафарон нестанд. Камсаодҳоро, агар кўшиш накунанд, хориҷ мекунанд. Ҳама саводи кофӣ доранд. Аммо ҳар кас ба ҳар ришта равонанд. Чанд нафар дар химия, чанди дигар дар физика ва математика.

Дар гимназияи мо, дар синфи 5 ва 6 чор гуруҳ аст. Дар синфи 7 се гуруҳ мешавад. Синфи 8 алакай ду гуруҳ мемонем. Нафароне, ки саводнокиашон намерасад, кўшиши намекунанд, хориҷ мешаванд.

Аз математикҳои машҳури тоҷик киҳоро медонед? Оё мо математикҳо дорем?

Хусрав Ёров, Маҳмудов Алишер, Алишери Анвар, Олимҷони Пираҳмад, Файзуллоев Акбар, Меҳроб Бобохонов, Зарифи Зараҳмед, Абубакр Усмонов,  Саъди Оқилзода, Фаррух Каримов, Бобиев Собирҷонро медонем, ки дар риёзиёт бисёриҳо мешиносанд онҳоро.

Хуб, дар оянда чи нақшаҳо доред? Кӣ ба куҷо дохил шудан мехоҳад? Кӣ шудан мехоҳед дар оянда?

Суннатулло, то ҷое медонам, ҳам ману ҳам дўстонам, мехоҳем берун аз кишвар, ба донишгоҳҳои хоирҷӣ дохил шавем.  

Барои чи?

Наимҷон: Барои он, ки дар Тоҷикистон ягон донишгоҳи нағз нест, ки аз фанни физика ва математика дарс диҳанд. Ҳоло маълум нест, ки дақиқ ба кадом донишгоҳ рафтан мехоҳам. Аммо аввал кўшиш мекунем, ки дар хориҷ таҳсил бигирем. Масалан, баъзеҳо мехоҳанд барои дар донишгоҳе дохил шаванд, ки дар он донишгоҳ омода кардани ракетаро омӯзонанд. Дар соҳаи ракетасозӣ дар оянда кор кунанд. Дар мо оё ин хел донишгоҳ ҳаст?  

Аз математикҳои ҷавон пурсем, ки маош бояд чӣ қадар бошад? Шумо аллакай медонед, ки  чӣ қадар дар оянда маош бояд гиред, то зиндагии дуруст дошта бошед?

Агар оила дошта бошем, 7-8 ҳазор сомонӣ бояд бошад. Бе оила 4 ҳазор сомонӣ кифоя аст.

Тамом, дигар савол надорам, муваффақ бошед! Ташаккур, ки суҳбати самимӣ доштем.    

 

 

Назарҳо

Офарин бар шумо ,шумо номи точикро боло мебаред ва халки точикро метавонед аз кашф кардахои худ ояндаи Точикистонамонро пеш баред ,албата ногуфта намонад ,хукумати мо барои олимони чавон бояд маблаги шоиста дихад балки оянда дар дасти инхост
Чи гуфти????????

Шояд шумо суол ё назаре доред?