Медали нуқраи хонандагони "Ҳотам ПВ" дар олимпиадаи ҷаҳонӣ (АКСҲО)

Хонандагони литсеи машҳури "Ҳотам ПВ" аз ду олимпиадаи байналмилалии математикони наврас бо натиҷаҳои назаррас баргаштанд.

Бино ба иттилои Туйчӣ Рашидов, муовини директор оид ба корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятии литсеи "Ҳотам ПВ", олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ аз фанни информатика ва барномасозӣ (IOI 2016 - http://ioi2016.ru/), аз 12 то 19-уми моҳи август дар шаҳри Қазони Русия ва олимпиадаи байналмиллалии математикони наврас, аз 14 то 20-уми август дар кишвари Таиланд баргузор гардид.

-Дар олимпиадаи умумиҷаҳонӣ аз информатика ва барномасозӣ дастаи наврасони тоҷик новобаста аз камсолии худ ба натиҷаи беҳтарин –як нишони нуқра (Фарҳоди Ҳакимиён) ва як нишони биринҷӣ (Нодир Даминов ) ва 860 хол ноил гардида, аз рӯи холҳо ва медалҳои ба даст овардаашон миёни 81 кишвари иштирокчӣ аз 60 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла қариб аз аксарияти кишварҳои Аврупо ва ҳамсояҳои наздик боло гузаштанд. Чунончӣ Олмон ҳамагӣ як нишони биринҷӣ ва 556 хол, Испания-як нишони биринҷӣ ва 651 хол, Британияи Кабир- 2 медали биринҷӣ ва 793 хол, Озорбойҷон –бе медал ва 537 хол, Узбекистон бе медал ва 276 хол, Туркманистон- бе медал ва 344 хол, Қирғизистон –як медали биринҷӣ ва 686 хол сазовор гардиданд. Ба ҳайати дастаи барномасозони кишвар инчунин Фаррух Каримов ва Нозимҷон Сафаров шомил буданд,-мегӯяд манбаъ.

Дар олимпиадаи математикони навраси (IMC 2016 http://www.imso.go.th/ - http://timc2016.net/imc_eng/) то сини 16 ва 14 сола наврасони Тоҷикистон сазовори 4 нишони биринҷӣ ва 7 ифтихорнома гардиданд. Бобохонов Меҳрон, Хонҷонов Наим, Исоматов Шоҳрух ва Алиев Парвиз сазовори медали биринҷӣ ва Икромов Умед, Ҳотамов Бахтовар, Хотамов Абдурауф, Бобоев Муҳаммад, Рогов Алишер, Абдуллоев Изатулло, Темиров Самандар ва Пиров Далер сазовори ифтихорнома шудаанд..

Дар мусобиқаи байни дастаҳо, дастаи шогирдони литсеи Ҳотам ПВ дар ҳайати Бобохонов Меҳрон, Хонҷонов Наим, Темиров Самандар ва Пиров Далер сазовори 190 хол гардиданд, ки миёни дастаҳои Тоҷикистон натиҷаи беҳтарин аст. Натиҷаи сабқат миёни дастаҳо ҳануз маълум нашудааст, аммо аз рӯи тахминҳои пешакӣ дастаи беҳтарини кишвари мо миёни зиеда аз 200 дастаи иштирокчӣ ба қатори 10 дастаи беҳтарин шомил мегардад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?