"Мемориал" исми 40 ҳазор ҷаллодони Сталинро ифшо кард

Сомонаи созмони байналмилалии “Мемориал” “Дарси таърих” исми наздик ба 40 000 нафар кормандони НКВД-ро фош кардааст, ки аз ҷумлаи иҷрочиёни қатли оми мардуми бегоноҳи солҳои сталинӣ буданд.

Инҳо асосан касоне мебошанд, ки бо дасти онҳо қатли сартосарӣ амалӣ мешуд.

Маълумот дар бораи ин афродро созмони мазкур муддати 15 сол гирдоварӣ кардааст ва ҳоло исми ин ҳудудан 40 ҳазор нафар омода ва шиносоӣ шудааст.

Ян Рачинский, яке аз роҳбарони лоиҳа ва ҳамраиси Мемориали Маскав гуфтааст, ки китобчаи дар ин замина интишоршуда чун дастури раҳнамоӣ хидмат мекунад ва ин 40 ҳазор нафар танҳо кормандони НКВД нестанд, балки ба он кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ, марзбонон ва як қатор хадамотҳои алоқаманд ба ин коранд, ки соҳиби рутбаҳои ҳарбӣ буданд.

Ин рӯйхат аз солҳои 1935-1939 аст, ки дар таърих бо номи Террори калон машҳур мебошад. Дар миёни ин афрод нафарони бо рутбаҳои гуногун ҳастанд, аз ҷумла сержантҳо, полковник ва ҳатто генералҳо.

Касоне, ки бевосита дар террор даст доштанд, ё фармони онро содир кардаанд ва ё фармон бо дасти онҳо амалӣ шудааст. Ифшои исми қотилони миллионҳо нафар, ки дар миёни онҳо ҳамватанони мо низ кам нестанд, метавонад санади муҳими таърихӣ бошад ва дар оянда шояд нуктаҳои дигаре ифшо шаванд.

Аз ҷумла шояд мо низ донем, ки чеҳраҳои саршиноси сиёсату фарҳангу тамаддуни миллати мо маҳз аз дасти кӣ тир хӯрду ҷон ба Ҳақ таслим кард. Аммо ин кори оянда аст, ҳарчанд хеле мушкил низ ҳаст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?