Мирҳаёт Ёқубов аз вазифааш сабукдӯш шудааст

 Мирҳаёт Ёқубов, роҳбари муваққатии “Тоҷиксодиротбонк”, ки ҳамзамон дар Бонки миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, аз маснади сардори Раёсати амалиёти байналмилалӣ сабукдӯш шудааст.

Манбаъи муътадами ТojNews дар низоми бонкии кишвар гуфт, ин ҳодиса пеш аз ҷашни Истиқлол сурат гирифта буд, аммо дар БМТ пахши ин хабарро салоҳ надонистанд.
 Маъмурияти муваққатии  “Тоҷиксодиротбонк” ин хабарро дар суҳбат бо ТojNews  тасдиқ ё рад накарданд, аммо як корманди бонк, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки дар ин бора худи Мирҳаёт Ёқубов дар як ҷаласа дар ҳузури кормандон хабар додааст.
 Дар Бонки миллӣ низ тасдиқи расмии ин хабар дастрас нашуд. Ба назар мерасад, ки раҳбарияти БМТ ҳама гуна иттилоъ дар бораи низоми бонкии кишвар, хоса хабарҳо атрофи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро пӯшида нигоҳ медоранд.

Мирҳаёт Ёқубов, ки аз ҷониби БМТ роҳбари маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” таъин шуда буд, бо кӯшиши буғӣ кардан ва дар ҳоҷатхона ҳабс кардани як корманди 63-солааш машҳур шуд.

Ин хабар сару садоҳоеро дар ҷомеаи кишвар ба бор овард ва ҷабрдида  А.О. расман ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намуд.  Дар пайи муроҷиати ӯ мақомоти прокуратура ба тафтиши ин қазия шуруъ карданд. Алҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мирҳаёт Ёқубов, ки роҳбари муваққатии “Тоҷиксодиротбонк”, ки ҳамзамон дар Бонки миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, аз маснади сардори Раёсати амалиёти байналмилалӣ сабукдӯш шудааст.

Манбаъи муътадами ТojNews дар низоми бонкии кишвар гуфт, ин ҳодиса пеш аз ҷашни Истиқлол сурат гирифта буд, аммо дар БМТ пахши ин хабарро салоҳ надонистанд.
 Маъмурияти муваққатии  “Тоҷиксодиротбонк” ин хабарро дар суҳбат бо ТojNews  тасдиқ ё рад накарданд, аммо як корманди бонк, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки дар ин бора худи Мирҳаёт Ёқубов дар як ҷаласа дар ҳузури кормандон хабар додааст.
 Дар Бонки миллӣ низ тасдиқи расмии ин хабар дастрас нашуд. Ба назар мерасад, ки раҳбарияти БМТ ҳама гуна иттилоъ дар бораи низоми бонкии кишвар, хоса хабарҳо атрофи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро пӯшида нигоҳ медоранд. 

Мирҳаёт Ёқубов, ки аз ҷониби БМТ роҳбари маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” таъин шуда буд, бо кӯшиши буғӣ кардан ва дар ҳоҷатхона ҳабс кардани як корманди 63-солааш машҳур шуд.

Ин хабар сару садоҳоеро дар ҷомеаи кишвар ба бор овард ва ҷабрдида  А.О. расман ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намуд.  Дар пайи муроҷиати ӯ мақомоти прокуратура ба тафтиши ин қазия шуруъ карданд. Алҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад. 
Ёдовар мешавем, ки  раёсати БМТ кӯшиш карда буд, ки ҷинояти Мирҳаёт Ёқубов ва зердастонашро руйпӯш кунанд.

 

 

Назарҳо

Журналисто нагз кобед ин бачаро писари мулло Абдурахим заложник гирифта буд
Мулло Абдурахим не, Мирзохуча Низомов.
Муҳтарам К, агар маълумоти иловагӣ дошта бошед, бо ин суроға ба Ожонси тадқиқоти журналистии "Нигоҳ" равон кунед: nigoh_tj@inbox.ru
Маколаи дар сахифа чойдодашуда тахрир металабад (такрор ба такрор овардан чи маъни дорад). Саххофон бодиккат бошед.
Ин бача пули бисер додаги аз кучо прокуратура мебинад ин корро.Кор хоб кард
Гоп-стоп стайл, управляет банком, на работу походу тоже приходит в кепке и трениках сидя на корточках на столе семки грызет ))). Ба фикри Ман ин шахрванда да трусикхои худаш гапаш намегузарад, е факат одамои калонсола гам метьят авторитет мишинонад. И одам менеджер мешуд ТСБ Кими Кай аз холати бад мебуромад, неки афсус.
Баъди чопи хабар дар Тоҷнюс БМТ маҷбур аст, ки дар суҳбат бо "Озодӣ" хабарро тасдиқ кунад: http://www.ozodi.org/a/national-bank-tajikistan/27989298.html

Шояд шумо суол ё назаре доред?