ММТ - Институти демократия, ё вақте писари судяву депутатҳо аз имтиҳон меафтад

Имсол аз имтиҳотони Маркази миллии тестӣ натанҳо дорандагони чандин ифтихорномаву, медалҳои тиллову биринҷии вазорати маориф, балки фарзандони судяҳои Суди Олӣ ва вакилони Парлумон низ “афтидаанд”.  

Майдони набард

Рӯзи сеюми август дар бинои Маркази миллии тестӣ дар пойтахт озмуни тақсимот буд. Довталабон, вобаста ба натиҷаи имтиҳоноти қабул, ба факултаву ихтисосҳои гуногуни донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои дигари омӯзишии кишвар роҳхат мегиранд. Теъдоди довталабон имсол нисбат ба соли гузашта камтар аст.

Инро метавон аз сатҳи коргузории роҳбарияти марказ низ мушоҳида кард, ки имсол тавре соли гузашта буд, даступохӯрда нестанд. Даромадгоҳи марказ ҳам дар инҳисори издиҳом нест. Қабулу гусели довталабон ором ва боинтизом идома дошт. Агар бефарҳангию бефаросатии баъзе аз довталабон ва ё волидайни онҳоро, ки ба навбат риоя накарда, гоҳ-гоҳ ба компутари ММТ «ҳуҷум» кардан мехостанд, ба назар нагирем, ҳама хуб ҷараён дошт.   

Ба ҳар сурат нав соли сеюм аст, ки имтиҳоноти дохил шудан ба донишгоҳҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон сурат мегирад. Ду соли қаблӣ ин рӯзҳо Маркази миллии тестӣ ба майдони ҳарбу зарб мемонд. Низоми нави қабули донишҷӯён, низоми амалан ношинос, ҳам барои довталабон ва ҳам барои омӯзгорон буд. Аммо имсол, дар озмуни тақсимот директори ММТ ва муовинонаш ба довтлабаон шахсан кӯмак мекарданд. Сабабҳои аз имтиҳон нагузаштан ва холи пасти гирифтаашонро ба онҳо мефаҳмонданд. Касеро табрик мегуфтанд, чанд каси дигарро маҷбур буданд дилбардорӣ кунанд.

Медалҳои қалбакӣ

Нилуфар Акаҷонова аз ноҳияи Ҷиликул омадааст. Вай ҳамагӣ 13 балл гирифта, аз марҳилаи имтиҳонот нагузаштааст. Агар инро ба ӯ пештар мегуфтанд, ҳич гоҳ бовар намекард. Натанҳо худаш, шояд касе бовар намекард. Вай мактабро бо медали тилло хатм кардааст. Дорандаи ду медали тилло ва биринҷӣ аст. Ғолиби олимпиадаҳои вилоятисту 10 ифтихорнома, аз  ҷумла ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлонро соҳиб шудааст. Вай шонс дошт, ки аз озмуни квотаи президентӣ дар шаҳри Қурғонтеппа гузарад ва бе имтиҳон дар донишгоҳи хостааш таҳсил кунад. Аммо аз ин озмун нагузашт. Ин ҷо метавон аз вазорати маориф ва илм, дақиқтараш ба масъулини ин вазорат дар вилояти Хатлон эрод гирифт, ки оё дар ҳақиқат медалҳову ифтихорномаҳои додаашон “қалбакӣ” аст?  

Пайи таҳқиқи мушкили Нилуфар шудем, ки чаро довталабоне мисли ӯ медали тилло доранд, аммо дар ин имтиҳон балли паст гирифтаанд? Маълум шуд, ки Нилуфар дар ҳақиқат балли паст гирифтааст. На худаш ва на модараш барои имтиҳоноти такрории Нилуфар розӣ нашуданд.  

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов ба ӯ, бинобар шароити иҷтимоияш, кумак кард. Вай ба Нилуфар роҳхат дод, ки ӯро ба Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон ба таҳсил фаро бигиранд. Бо ин роҳхат Нилуфарро албатта қабул хоҳанд кард. Қабули довталабон ва коллеҷ тариқи  ММТ не, балки ба таври анъанавӣ сурат мегирад.

Аммо таҳқиқи мушкили Нилуфаре, ки нимаятим ба воя расидаву аз оилаи камбизоат будааст, моро ба воқеиятҳои дигари ин “майдони набард” ошно кард.

Шиноси вазири тандурустӣ

Он рӯз Хуршед Икромӣ, раиси ММТ рӯзи қабул дошт. Пушти дари ӯ мисли дигарон навбат поидан зарур омад. Вақте дар навбати қабули раис меистодем, хонуме, ки вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст, ба ҳуҷраи раиси ММТ ворид шуд. Ӯ ба навбату навбатпоён эътиборе надод ва бо вориди ҳуҷраи раис шуд. Ҳарчанд касе ба рафтори беадабонаи вакилхонум эрод нагирфт, аммо аз паси ӯ яке паси дигаре ба ҳуҷраи директори ММТ ворид шудан гирифтанд. Ҷаноби Икромӣ бо телефон суҳбат дошт ва моро дида, суҳбаташро қатъ карду аввал арзи хонуми депутатро шунид. Хонуми вакил ба раиси ММТ муроҷиат кард, ки:

-Ман вакили порлумонам ва вазири тандурстиро мешиносам, пештар муовини вазир ҳам будам, чаро онҳое, ки 200 балл гирифтанд дар донишгоҳи тиббӣ гузаштанду касоне, ки 250 балл доштанд, не?

Раиси ММТ ба вакили парлумон ҷавоб гуфт: -Муаллима, дар мо ҳатто бо 250 ва 300 балл ба тиб касе нагузаштааст. Ин иттилоъро аз куҷо шунидед? Агар фарзандатон нагузашта бошад, биёед бо ҳам бинем, ки чанд хол гирифтааст. Барои гузаштан бояд на кам аз 350 балл гирифта бошад...

Маълум буд, ки вакил аз раис дар пеши мо шарм дошт ва гуфт: -Не, духтари ман гузаштааст (аз имтиҳон М.А.) барои духтарам не, барои дигарон омадам, ки чаро афтиданд...? Вакилхонум бо ҳамин ҳуҷраи раиси ММТ-ро тарк кард.

СМС ва дурӯғ

Саҳни ҳавлии ММТ пуродам. Ба гӯшам давъои падару духтаре мерасад, ки аз имтиҳон афтидааст. Аз падари бағазабомада мепурсам, ки мушкилаш чист? Гуфт: «Духтарам аст, ҳамагӣ 130 балл гирифтааст, аммо ба ман  дурӯғ гуфта, ки соҳиби 250 балл шудааст! Ҳатто балли гузариши имтиҳони тестиро нагузаштааст...».

Духтарак ба падараш гуфтааст, ки аз ММТ ба телефони мобилияш СМС-паём омадааст, ки 250 баллро соҳиб шудааст, аммо ба саволи мо дар бораи он СМС, гуфт, ки онро аз телефон ҳазф кардааст...

Ҳамчунин шоҳиди ҳодисаи дигаре ҳам шудем. Падари яке аз довталабон аз корманди ММТ қатъиян талаб  мекард, ки се соат вақт дорад, то фарзанди ӯро бо 400 холи гирифтааш дар тақсимоти ройгон ҷой диҳанд. “Вагарна, ба мақомот муроҷиат мекунам!”, -таҳдид мекард падар.

Ин падар ҳам ба саволи мо дар бораи он ки аз куҷо медонад, ки духтараш 400 балл гирифтааст, гуфт аз фарзандаш шунидааст. Аммо духтарак мегӯяд, ба ӯ СМС наомадааст. Баъди санҷиши масъулини ММТ маълум шуд, ки ӯ 220 балл гирифтааст, ки барои шомил шудан ба коллеҷҳо ҳам кифоя нест.

Бобои Сулаймон ақлашро нахӯрдааст! 

Вақте дар фикри навиштани ҳамин матлаб будам, хабар омад, ки набераи ятими бобои Сулаймон, ҳамсояи камбағали ман, аз деҳаи дурдаст дар имтиҳони ММТ холи баланд ба даст оварда, донишҷӯи бахши буҷавии факултаи ҳуқуқшиносӣ шудааст. Оварандаи ин хабари хуш мегӯяд, бобои Сулаймонро, ки ба ҳама ин хабарро мерасонад, аҳли деҳа чанд рӯз аст, ки масхара мекунанд: «Мӯйсафед ақлашро хурдааст?». Чӣ илоҷ, мардум мегӯянд, “даҳони халтаро баста мешаваду, даҳони мардумро не”. Ду ҳафта пас ин мардуми деҳотӣ мефаҳманд, ки ақли бобои Сулаймон дар ҷояш аст!

Мӯсафед, ҳамагӣ 160 сомонӣ нафақа мегирад. Мегӯяд, набераашро худаш калон кардааст ва медонад, ки ӯ дар мактаб хуб мехонд, ҳарчанд медалу ифтихорномае надорад.

Омори ММТ

Соли ҷорӣ дар ММТ ҳудуди 85 ҳазор довталаб сабти ном шуда буданд. Аз ин танҳо 59 ҳазор холи гузаришро ба даст оварда, ҳамагӣ 44 ҳазор нафар дар тақсимот роҳ ёфт. Ин нишондиҳанда ба 79 дарсади нақшаи қабули донишҷӯён баробар будааст. Бахши буҷавӣ 98 фоиз пур шудааст. 15 ҳазору 726 нафар ба тақсимот аз сабаби холи паст доштанашон роҳ наёфтаанд. Марҳалаи дуюми тақсимот баъдӣ, ки 10 ҳазору 954 ҷойи холӣ дорад, аз ҳисоби 15 ҳазор довталаби боқимонда, рӯзҳои 19 – 22-юми  августи соли ҷорӣ доир мегардад. Довталабоне, ки тақсимотро гузаштаанду то 15-уми август ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат пешниҳод намекунанд, ҷойҳои онҳо низ ба тақсимоти такрорӣ дохил мешавад. 

Аҷиб аст, ки мақомот дар се соли  фаъолияти ММТ факти фасодро барои дохил кардан ба донишгоҳҳо ифшо накардааст. Ҳарчанд, “шарҳ аз садо пур аст...”, ки фасод дар ин соҳа низ ҷой дорад. Як ҳодисаи нодирро метавон аз солҳои пешин мисол овард, ки нафаре худро миёни довталабон «корманд»-и  ММТ муаррифӣ карда, пора мегирифт. Ин нафарро мақомоти қудратӣ боздошт карда буданд.

Ба ҷойи хулоса

Маркази миллли тестӣ дар таърихи 25-солаи давлатдории тоҷикон танҳо институте мебошад, ки ба ҷавонтарин шаҳрвандон дар ҷомеае, ки дар он имтиёздорӣ вижагии асоситарин аст, ҳуқуқи шаҳрвандӣ медиҳад. Як нафар ҷавони тоҷик новобаста аз ҷинсу маҳаллу мақоми иҷтимоияш фақат дар ин ҷо имкон пайдо мекунад, ки бе фикри он ки зодаи кадом маҳалл, хеши фулонӣ набудан, камбағалӣ ё доро буданаш, аз ҳуқуқи шомил шудан ба донишкада ва донишгоҳҳои кишвар, ки аз маблағи андозсупорандагон кору фаълият мекунанд, беминнат истифода барад. Ин атрибути олитарини ҷомеаҳои боз, ё воқеан демократӣ, дар Тоҷикистони ба истилоҳ як давлати табиӣ аст, ки дар он мутаассифона, нухбагон  аз имтиёзҳои хоса бархурдоранд. Ин институт ягона сабаби худро шаҳрванд эҳсос кардани ҷавонони тоҷик аст.

Ва он ихтирои мо - тоҷикон нест. Мо онро тавлид накардаем. Балки нусхабардорӣ менамоем. Ва акнун маълум шуд, ки роҳбарияти кишвар ва ҷомеа ба дарки табиати ин гуна институт нарасидаанд. Ин аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ба худ иҷозат медиҳад дар вохӯрӣ ва мулоқотҳо бо ҷавонон ин ё он нафарро ба кадом донишгоҳе дохил карда, амалан нобаробариро ба намоиш гузорад. Ҳамин аст, ки вазири тандурустӣ ба зодагони як диёр, тавассути ҷорӣ кардани коэффисиент имтиёз диҳад. Инро касе маҳалгароӣ наменомад. Вазири маориф супориш ё роҳхат медиҳад, ки фулониро ба фалон ҷо қабул кунед, бигузор хонад. Роҳбари давлат гӯё аз ғамхорӣ, вазири тадурустӣ, ба хотири таъмини маҳалл бо табибон, вазири маориф ва илм гӯё аз дилсӯзӣ. Ҳамаи ин, ғайр аз он ки амалҳои ғайриқонуниянд, теша задан ба решаи ин институти демократӣ аст. Вале тешаро бештар онҳое мезананд, ки ба ҳар роҳу восита бесаводонро ба донишгоҳҳо дохил мекунанд. Бо ришва ё “тағо” дохил шудани довталаб дар чанд моҳи аввали таҳсил ба донишҷӯён ва муаллимон аён хоҳад шуд. Барои ҳамин, ё мо ҳамчун миллат ва ҷомеа инро дарк мекунем ва ба қадри институтҳои ихтирокардаи дигарон ба хотири таъмини волоияти қонун ва рушди миллӣ, мерасем, ё қавме ваҳшинамо мемонем, ки намедонад бо ихтирои замони нав чӣ кор кунад.      

Меҳрафзуни АБДУЛЛО 

Назарҳо

Бехтарин макола, аммо бояд илова кунам, ки барои он махалхое, ки мухтарам вазири тундурусти ва хукуматиён норасоии табибонро далел меоранд асос надорад, мархамат ба беморхонаи марказии Карияи Боло равед, авлод-авлод, туду-туда, кавм-кавм, авул-авул, айлок-айлок чамъ шудаанду аз рохзани дигар кореро намедонанд. Аксарият аз як минтака ва махз аз хамон махалхое омадаанд, ки вазири тандурусти бонус чудо мекунад - ноадолати аз ин зиёд намешавад. Илтимос, мухтарам вазир хамонхоро ба махалли худашон равона карда моро аз дасти ин рохзанон халос мекардед кори бузургтарин мекардед, ки аз бехтарин табобат хохад буд. Як бор аз рафтору муносибати табибони беморхонаи маркази огох шавед, забони точикиро ку тамоман хароб кардаанд, аслан намедонанд, намедонам бо кадом як оханги паштуниву намедонам олтойи сухан мекунанд, ба замми ин забони ноби точикиро бо масхара ва бо тахкир ба забон меоранд ва агар адаби харф зани масхара хам мекунанд, шояд аз хасаду бадбини аст, намедонам, чаро. Хозир дар хар чое ба забони нобу шевои точики барои сухан кардан истихола мекуни, зеро дархол масхара мекунанд. На шарм, на хаё, на ор, на номус - ничего святого, ба гуфти бародарон. Маориф бошад комилан фазои регионалистиро касб кардааст, шахси аввали он регионалисти гузаро аст. Нуктаи дуюм, ки чаро мухтарам хабарнигорон шояд донед, аммо зикраш накунед, ки ин хама комёбиву талошхо - чахду талоши Фонди Сорос аст, маблагхои зиёде хам чудо кардаасту барои омода намудани ин система сахми арзанда гузоштааст, дар дигар маврид бошад ба тарафи ин созмон санг меафканем, аммо чаро аз ин сахмаш харфе намегуем.
рахмат барои макола !!!
дар нохияи собик Чиликул хозира Дусти дар давраи Истиклолият ягон нафар хонанда бо медали тилло мактабро хатм накардааст.
Боиси таасуф ин аст, ки довталабоне (масалан балли 250 мегиранду) дар интихобашон тахсили шартномави доранд донишчу мешаванд. Аммо довталабоне (масалан 350 баллро сохиб гаштаанду) дар интихобашон тахсили шартномави надоранд ба факултахои дилхохашон намегузаранд. Имсол шохиди чунин вокеа гаштем, бо 350 балл ба донишгохи тибби (ки хостааш буд) неву аммо ба факултаи биологияи ДМТ дохил шуд. Довталаби дигар чи тавре дар боло зикр кардем дар интихобаш тахсили шартномави дошт бо 300 балл ба донишгохи тибби дохил шуд. Ояндаи миллат чи мешуда бошад?
Ҳамааш дуруст, аммо овозаҳо зиёданд, ки тестфурушӣ ҷой дорад. Роҳбарияти ММТ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Маркази миллии тести имсол тестхои Донишгохи тиббиро пеш аз имтихон ба тарики тагобози ба довталабон расонид ки ин боиси ракобати носолим мешавад. Хамон духтуроне ки хатто хуб муомила карда наметавонанд, бо тагобози аслан Донишгохи тиббиро хатм кардаги хастанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?