Модари Фаромуз мегӯяд, писараш вақти садама сархуш набудааст

Фаромуз Саидов, акс аз Фейсбук

Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саидов, ноиби сарвазири Тоҷикистон бо осеби шадиди сар, ки дар садамаи шаби 10-уми сентябр бардоштааст, дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Қаряи боло бистарӣ аст.

Бино ба гуфтаи модараш Фаромуз вазъи начандон хуб дорад ва дар тӯли бистарӣ шуданаш гоҳ ба ҳуш меояду гоҳ беҳуш аст.

 Модари Фаромуз дар ин бора дар суҳбат бо “Озодӣ” хабар дода, гуфтааст писараш вақти садама сархуш набудааст, балки садама ба иллати ноҷурии чанбараки идораи сабукрав сар задааст.

“Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоҳиш мекунам, ки расонаҳо дуруст нависанд. Ман ду дафъа ҳаҷ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам.

Шаби 10-уми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола рух дод, ки дар он, ба иттилои расмӣ, ду нафар Рустам Сатторов, корманди шаҳрдории Душанбе ва Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи пойтахт ба ҳалокат расиданд. 

Назарҳо

агар тарбия дошт ними шав да дискоклуб чикор мекард?! духтари ҷавон ва номаҳрам дар мошини писари двухкаратний Ҳоҷия дар нисфи шаб чикор мекар?! ин мардумро ҳам ОДАМ зоидааст на ГУСФАНД!!!
Holo sabr kuned, sudi Tojikiston qaror mebarorad ki onhoe ki dar sadam jon boxtan onho dar in sadama gunahkor budand na faromuz, in .. tamomi shom meguyand ki ...

Шояд шумо суол ё назаре доред?