Муаррифӣ ва вазифаи нави вакилони тозаинтихоб дар Маҷлиси намояндагон

15-уми апрел вакилони тозаинтихоб дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои Фирдавсӣ ва Ҷаббор Расулов дар парламент муаррифӣ шуданд.

Ҳамин тавр Эмомалӣ Насриддинов, собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гардид. Дар ин мақом ӯ Маҳмадалӣ Ватановро иваз кард, ки моҳи гузашта  ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Президент дар Маҷлиси Олӣ таин гашта буд.

15-уми апрел Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз Эмомалӣ Насриддинов тавсиф карда, ӯро ҳуқуқшиноси варзида унвон кард. Эмомалӣ Насриддинов 10-уми апрели соли равон дар интихоботи миёндавраӣ аз ҳавзаи №1-и ноҳияи Фирдавсӣ ғолиб омада буд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Баҳодур Акрамзода, вакили тозаинтихоб аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Парлумон муаррифӣ шуд. Ӯро ба узвияти Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагон қабул карданд. Акрамзода дар интихоботи миёндавраии 10-уми апрел ба ҷои Комилҷон Салимзода вакили интихоб шуда буд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?