Муассиси "Вконтакте" Сноуденро ба кор даъват кардааст

Павел Дуров, муассиси шабакаи иҷтимоии  "Вконтакте" ва Telegram гуфтааст, ки замоне вай корманди собиқи хадамоти ҷосусии Амрико Эдвард Сноуденро ба кор даъват карда буд.

Павел Дуров дар барномаи "60 минут"-и ширкати телевизионии CBS суҳбат мекард, гуфт: “Оре, чунин аст. Вақте вай ба Русия омад, ман ӯро қаҳрамони шахсии худ ҳисобидам. Чун амали вай бисёриҳоро такон дода буд. Ман хеле хушҳол шудам, ки вай ба оламиён аз мавҷудияти ин гуна таъқибот хабар дод. Мехостам вай бахше аз он чизе, ки ҳоло ман месохтам, бошад”.

Дуров гуфт, ки ба ифшогари амрикоӣ расман даъватнома фиристод, вале посух нагирифт.

Дуров дар ин мусоҳиба ҳамчунин иброз доштааст, ки вай аз ифшогарии Сноуден ба ваҷд омада буд, чун зиндагонии ғарбиёнро дигаргуна мепиндошт ва тасавур мекард, ки онҳо зидди мардуми худ ҷосусӣ намекунанд. Вале фошкории Сноуден дидгоҳи ғарбии ӯро тағйир дод. 

 Маврид ба ёдоварист, ки Эдвард Сноуден корманди собиқи Агентии амнияти миллии ИМА соли 2013 ифшокорие кард, ки таърихи ин кишвар назирашро ёд надорад.

Вай бо далелҳои қавӣ исбот кард, ки хадамоти ҷосусии Амрико суҳбатҳои телефонии роҳбарони оламро гӯш мекунад. Ин фошкорӣ рӯйи муносибатҳои ИМА бо Олмон, Британия, Фароса, Италия ва мамолики дигар таъсири манфӣ гузошт ва боиси гӯмагӯҳои зиёде дар сатҳи олӣ шуд.

Аз хавфи боздошт шудан ва ба зиндон рафтан вай аз 20 кишвари олам тақозои паноҳандагӣ кард ва билохира пешниҳоди Русияро пазируфт. Аз якуми августи соли 2014 вай муқими Русия аст.  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?