Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – барандаи шоҳҷоизаи гуштии наврӯзӣ дар Душанбе

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ғолиби мусобиқаи гуштии наврӯзӣ дар Душанбе шуд.

Дар мусобиқаи гуштии наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи Душанбе Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо шикасти ҳарифаш аз ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби шоҳҷоиза – мошини сабукрави тамғаи "Hunday" шуд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз паҳлавонҳои маъруфи кишвар аст, ки дар вазни беш аз 100 кг қувваозмоӣ мекунад.

Ба навиштаи расонаҳо, ин 23-юмин мошини сабукрав мебошад, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барои ғолибияташ дар мусобиқаҳои гуштӣ ба даст меорад.

5-уми октябри соли гузашта Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи асосии Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии дзюдо  гардида буд.

Инчунин, дар тобистони соли гузашта ӯ дар мусобиқаи “Asian Judo Open Taipei 2015” дар Тайван барандаи медали тилои мусобиқа шуда буд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз паҳлавонҳоест, ки дар Тоҷикистон умед доранд, ки роҳхати ширкат дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейроро ба даст хоҳад овард.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Табрик пахлавони точик агар имконият медошти як мошинатро фурухта ба хонаи сагирагон ердам мекарди 22 мемонад боз худованд ба шумо кувва медихад ки 24 насибтон гардад,

Шояд шумо суол ё назаре доред?