Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон шуд

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, варзишгари тоҷик барандаи асосии Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии дзюдо гардид.

5-уми октябр ин мусобиқа дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани пойтахт баргузор шуд, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов рақибаш Александр Вахавяки Белорусиро шикаст дода, ҷоизаи асосиро соҳиб шуд. Ҷои дуюмро Александр Вахавяк ва мақоми сеюм насиби варзишгари тоҷик Фирдавс Насимов ва Энди Сантяго аз Куба гардид.

Дар ин мусобиқа зиёда аз 40 паҳлавонон аз 15 кишвар Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Миср, Муғулистон, Италия, Куба ва Юнон ширкат карданд.

Пеш аз ин Нурулло Лоиқов, президенти федератсияи дзюдои Тоҷикистон, эълом карда буд, ки  барои ҷоизадорони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, 100 ҳазор сомонӣ мукофот муайян гардидааст. Ин мукофот ба ғолибоне дода мешавад, ки дар мусобиқа  ҷойҳои якум, дуюм ва ду ҷойи сеюмро ишғол мекунанд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Бо арзи эхтиром хохишмандем Насаби Пахлавони шинохтаи кишварро, ки хато навиштаед, ислохь кунед. Мухаммадмурод Абдурахмонов аст ному насаби голиб.
Шояд иштибох намудед TojNews, номи пахлавон Мухаммадмурод Курбонов не Мухаммадмурод Абдурахмонов мебошад.
Шояд иштибох намудед TojNews, номи пахлавон Мухаммадмурод Курбонов не Мухаммадмурод Абдурахмонов мебошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?