Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Абдулло Абдулло дар Бишкек

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба шаҳри Бишкек бо Акбар Ҷавод Мобашшар, вазири давлатӣ  оид ба корҳои хориҷии Ҳиндустон мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвазири Тоҷикистон, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон  дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи  дуҷониба омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо доктор Абдулло Абдулло, раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот анҷом додааст.

-Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамгироии муштарак дар соҳаҳои роҳу нақлиёт ва энергетика дар доираи  фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро  баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба масоили иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмони роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ  ва коҷоқи ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима гардиданд,-таъкид намуд манбаъ.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?