Муноқишаи оилавӣ шавҳарро қотили ҳамсар кард

Дар ноҳияи Шаҳринав як марди 45-сола бо иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, субҳи 1-уми ноябри соли равон дар хонаи истиқоматиаш ҷасади зани 43-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур шавҳари марҳум боздошт гардид. “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ҳангоми муноқишаи оилавӣ завҷаашро бо дастонаш буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.”

Аз рӯи далели мазкур мутобиқи моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?